Саҳифаи Аслӣ

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Хуш омадед ба Википедиа,
донишномаи озод мебошад, ки ҳар кас мақолаҳояшро вироиш карда метавон.
Ҳоло дар донишнома 39,429 мақолаҳо бо забони тоҷикӣ навишта шудаанд
Википедиа ба кӯмаки Шумо ниёз дорад, метавонед мақолаҳои мавҷудбударо вироиш намоед ё мақолаи наверо эҷод кунед
Мехоҳед мақолаеро нависед?


Мақолаи баргузида
Flag of Tajikistan.svg

Тоҷикистон (порсӣ: تاجیکستان , ҳати ниокон: تاجیکستان) кишваре дар Осиёи Марказӣ аст. Номи расмии кишвар Ҷумҳурии Тоҷикистон (порсӣ: جمهوری تاجیکستان ) ва пойтахташ шаҳри Душанбе аст.

Тоҷикистон дар шимолу ғарб бо Ӯзбакистон (1161 км), дар шимолу шарқ бо Қирғизистон (870 км), дар шарқ бо Чин (414 км) ва дар ҷануб бо Афғонистон (1206 км) марз дорад. Марзҳои Тоҷикистон бисёр печдор буда дар тӯли чандин аср ташаккул ёфтаанд. Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон соли 1885 таъйин шудааст ва он аз рӯдҳои Панҷ ва Омударё мегузарад.

Тоҷикистон кишваре кӯҳсор ва пурбориш аст ва манобеъи фаровони кониву об дорад. Ин кишвар ба дарёҳои озод дастрас надорад.

Паҳноварии ин кишвар 143 100 км мураббаъ (195-ум дар ҷаҳон) аст ва бино бар додаҳои саршумории соли 2013 дар Тоҷикистон 8 000 700 тан бошанда буда, ки 79,9 дарсад аз онҳо тоҷик, 15 дарсад ӯзбак 12.2% (2010), 1,3 дарсад қирғиз, 1 дарсад русу укроинӣву тотору ғайра ҳастанд. Бештари мардуми Тоҷикистон эронизабон (порсизабону помиризабон) ва мусулмон (суннимазҳабон: ҳанафиҳо 97%, шиъамазҳаби исмоъилӣ тақрибан 2%) ҳастанд.

бештар...

Дар бораи Википедиа
Википедиа як Энсиклопедия интерентӣ бо беш аз 280 забон бо мӯҳтавои озод аст ки бо ҳамкории афроди довталаб навишта мешавад ва ҳар кас ки ба интернет дастрасӣ дошта бошад метавонад мақолаҳои онро виройиш кунад.

ҳадафи Википедиа офарӣниш ва интишори ҷаҳонии як Энсиклопедия озод ба тамомии забонҳои зиндаи дунёст ки бо рушди рӯзафзӯни ин Энсиклопедия гардонандаҳои он дар Бунёди викимидиа чандин прожеи мушобеҳи дигар ҳамчун Викилуғат, Викикитоб, Викиситатаҳо, Викиахбор, Викидонишгоҳ, Виксафар, Викидода ва Викиумуми ро падед оварданд.

Википедиаи Тоҷикӣ нусхаи забони тоҷикии вебгоҳи Википедиа аст ки дар 27 январи соли 2004 таъсис ёфтааст. Ҳоло (5 Сентябр 2015) дар донишнома 39,429 мақолаҳо бо забони тоҷикӣ навишта шудаанд.

бештар...
Воқеаҳои кунунӣ
15-ум Бозиҳои Осиё дар Доҳа, Қатар