Баҳри Миёназамин

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи


Баҳри Миёназамин
Акси Баҳри Миёназамин аз моҳвора.
Акси Баҳри Миёназамин аз моҳвора.

Баҳри Миёназамин, баҳри дохилии уқёнуси Атлантик, дар байни дитъахри Европа, Осиё ва Африка. Б. М.-ро дар F. гул. Гибралтар бо уд. Атлантик, дар Шим. Ш. гул. Дарданелл бо Б. Мармар ва гул. Босфор бо Б. CneXj, дар Ҷ. Ш. кан. Суэц бо Б. Сурх пайваст мекунанд. Баҳри Миёназамин ба 6аҳрҳои Тиррен, Адриатика, Ион, Эгей, Лигурия, Бамар ва Алборан тақсим мешавад. Масоҳаташ 2,5 млн км2; ҳаҷми об 3839 ҳаз. км3, чуқурии миёна 1541 м, чри чудуртаринаш 5121 м. Соҳилҳояш кӯҳсор ва расти ҳамвор. Халҳои калонаш: Валенсия, Лион, Генуя, Таранто, Сидра (Сирти Калон), Қобис (Сирти Хурд). Ҷазҳои калонаш: Балеар, Корсика, Сардиния, Сицилия, Крит ва Кипр. Ба Баҳри Миёназамин дарёҳои Нил, Эбро, Рона, По ва г. мерезанд. Б. М. дар ноҳияи геосинклинали альпӣ водеъ гашта, рельофи даъри он мураккаб аст.

Аз чихати геоморфологи Баҳри Миёназаминро ба се хавза Чудо мекунанд: ғарбӣ—хавзаи Алҷазоиру Прованс — чудуриаш зиёда аз 2800 м (пастхамии баҳрҳои Альборан, Балеар, Лигурия ва Тиррен); , Марказӣ—чудуриаш бештар аз 5100 м (хамии Марказӣ ва пастха¬мии баҳрҳои Адриатика ва Ион); Шардӣ — Левант, чудуриаш дариб 4380 м (пастхамии баҳрҳои Левант, Эгей ва Мармар). Идлими Баҳри Миёназамин ба типи мустадили баҳримиёназаминӣ чудо шуда, хусусиятҳои хоси субтропики дорад; зимистон сернами мулоим ва тобистон гарми хушк. Антициклони Азор боиси бештар вазидани бодҳои шим. ғарбӣ мегардад. Барои як датор нохдяҳо бодҳои махаллӣ (этезии мистраль, бора, сирокко) хосанд. Ҳарор. миёнаи ҳавоӣ янв. дар соҳилҳои шим. 7—10° С, дар соҳилҳои ҷан. 14—16° С, авг. мувофидан 22—24° С ва 25—30° С. Боришоти солона дар Ҷ. Ш. 100 мм, дар ҷойҳои кушод 300—600 мм, дар Шим. F. 1100—1300 мм. Боронгарӣ шурии оби Баҳри Миёназаминро паст мекунад, вале аз дохил шудани обҳои уд. Атлантик ва Б. Сиёҳ шурии он боз бардарор мегардад.

Мадду чдзр характери нимшабонарузӣ дошта, баландии мадд дар аксари ноҳияҳо 0,1—0,5 м; дар соҳилҳои шардии Тунис 1,7 м. Зимистон баландии мавҷи баҳр то ба 7— 8 м мерасад. Қаддади соҳил чдраёни об доимо давр мезанад. Ҳарорати миёнаи об — феврал дар F. 13° С, дар Ш. то 17° С, авг. дар хал. Лион 20° С, дар Ш. то 30° С мерасад. Шурии об 36— 39,5%о. Одами ҳайвоноти Б. М. ба фаунаи ноҳияҳои гармтари уд. Атлантик монанд аст. ариб 7 ҳаз. хел ҳайвоноти обӣ ва растаниҳо, аз ҷумла 550 намуди моҳӣ, делфин, як намуди тюлен, сангпушти баҳри, ҳапггао, калмар, харчанги баҳрӣ, лангуст ва ғайраҳо мавчуданд. Моҳиҳои шикорбобаш: сардин, тунес, макрель, скумбрия ва г. Обсабзҳояш гуногунанд: лериденҳо, саргассҳо ва г. Баҳри Миёназамин аз замонҳои дадим дар ҳаёти иктисодии халкҳои. соҳилҳояш аҳамияти махсус дошт.