Рӯйдоди ҳафта

Тоҷикистон ҳамасола то 50% маҳсулоти меваю сабзавотро аз даст медиҳад

Тоҷикистон ҳамасола то 50% ҳосили маҳсулоти меваю сабзавотро аз даст медиҳад. Дар ин хусус дар вохӯрӣ бо намояндаҳои Маркази байналхалӄии тиҷоратии Мартин Лабе раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид 24 сентябр дар Душанбе иброз дошт.

Матни комил

Ҷамъият

Тошканд пойтахти сулҳи фарҳанги исломӣ дар соли 2007 эълон шуд

ДУШАНБЕ, 9 янв – «Авасто». - | Созмони байналмилалии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ISESCO), ки яке аз сохторҳои конфронси созмонҳои исломӣ ҳисоб мешавад, Тошкантро пойтахти сулҳи фарҳаги исломӣ дар соли 2007 эълон кард.

Тавре ба «Авасто» дар сафорати ӯзбекистон дар Тоҷикистон хабар доданд, дар баробари Тошкант, ки минтақаи осиёро муаррифӣ меккунад, пойтахти фарҳанги исломӣ хамчунин шаҳрҳои Фес (Мароккаш) ва Триполи (Лубнон), намояндагони ҷахони араб, ҳамчунин пойтахти Сенегал-Дакар муаррификунандаи минтақаи Африқо эълон шудаанд.

«Ин унвони фахрӣ ва баланро Тошкант барои хидматҳои ӯзбекистон дар назди фарҳанги исломӣ ва илм, нигоаҳ доштани ҳайкалҳо ва дар дурнамо ғанӣ гардонидани мероси исломӣ соҳиб шуд,-қайд карданд дар сафоратхона. – Ҳангоми интихоби номзадии Тошкант ISESCO пеш аз ҳама сиёсати роҳбарияти ҷумҳуриро барои эҳё намудани арзишҳои фарҳангӣ, динии мардуми ӯзбек, ҳамчунин чораҳои андешидаи Ҳукумати ӯзбекистон барои ҳифз кардани ҳайкалҳои маданияти исломӣ ба назар гирифт.

Агар шумо дар ин саҳифа хатоҳои имлоӣ, услубӣ ё худ дигар хатоҳоро мушоҳида намудед, онро бо мушаки дар дастатон буда ҷудо намоед ва Ctrl+Enter-ро пахш кунед.
Open Society logo
Ин сайт бо дастгирии институти «Ҷомеаи кушод – Тоҷикистон» созмон дода шудааст.
Network-ASP logo
Аз тарафи ширкати “Network-ASP” омода гардидааст.