Изҳороти махфияти зерин ба нишонаҳо, хизматрасониҳо ва маҳсулотҳои Microsoft, ва аз он ҷумла барномаҳои офлайнии имдодии онҳо, ки маълумот ҷамъ меоваранд ва изҳороти махфияти зеринро нишон медиҳанд, таалуқ дорад. Изҳороти махфияти зерин ба нишонаҳо, хизматрасониҳо ва маҳсулотҳои Microsoft, ва аз он ҷумла барномаҳои офлайнии имдодии онҳо, ки изҳороти махфияти зеринро нишон намедиҳанд, дахл надорад.
Эҳтироман, хулосаҳои зеринро аз назар гузаронида, барои гирифтани маълумоти муфассал оид ба мавзӯи дилхоҳ "давом"-ро пахш намоед. Инчунин шумо метавонед маҳсулотҳои дар боло зикршударо интихоб карда, изҳороти махфияти маҳсулоти муносибро аз назар гузаронед. Баъзе маҳсулотҳо, хизматрасониҳо ё функсияҳое, ки дар ин изҳорот номбар шудаанд, метавонанд дар тамоми бозорҳо дастрас набошанд. Маълумоти муфассалтар оид ба ӯҳдадориҳои Microsoft оид ба муҳофизати махфияти шумо метавонед дар http://www.microsoft.com/privacy дастрас намоед.
Бисёри сайтҳои Microsoft "кукиҳо"-ро, файлҳои хурди матние истифода мебаранд, ки метавонанд аз тарафи сервери интернет, ки дар дохили домене мебошад, ки кукиро ба диски сахти шумо гузоштааст, хонда шаванд. Мо кукиҳоро метавонем барои сабт намудани параметр ва интихобҳои шумо, дастгирӣ дар вақти дохилшавӣ, рекламаи мақсаднок ва таҳлили амалиётҳои сомона истифода барем.
Мо инчунин минои сомонаҳоро барои бурда расонидани кукиҳо ва ҷамъ намудани таҳлил ёрӣ расонидан, истифода мебарем. Ин метавонад минои сомонаҳои сеюмро, ки ба ба онҳо ҷамъ намудани маълумоти шахсии шумо манъ шудааст, дохил намояд.
Шумо асбобҳои гуногун барои назорати кукиҳо ва технологияи ҳамшабеҳ, инчунин:
Истифодаи кукиҳо
Бисёри сайтҳои Microsoft "кукиҳо"-ро истифода мебаранд, ки файлҳои матнии хурд буда, аз тарафи серверҳои Интернет дар диски сахти шумо гузошта мешавад. Кукиҳо матнҳоеро дар бар мегирад, ки он метавонад бо вебсервер дар домене, ки ин кукиро барои шумо мебарорад, бихонад. Матн бисёр вақт аз рақамҳо ва ҳарфҳо иборат буда, ки ин матн муайянкунандаи ягонаи компутери шумо аст, аммо кукиҳо метавонанд маълумоти дигарро низ дар таркибашон нигоҳ доранд. Ин намунаи матне, ки дар таркиби кукиҳо ҷой мегирад ва вақте, ки шумо яке аз сомонаҳои моро хабар мегиред, Microsoft метавонад, онро дар ҳарддиски шумо ҷойгир кунад: E3732CA7E319442F97EA48A170C99801
Мо метавонем кукиҳоро барои мақсадҳои зерин истифода барем:
Руйхати баъзе аз кукиҳоеро, ки мо одатан истифода менамоем дар нақшаи поён оварда шудааст. Ин руйхат пурра нест, вале он инъикоскунандаи баъзе аз сабабҳои таъсис додани сомона мебошад. Агар шумо яке аз сомонаҳои моро аз назар гузаронида бошед, сомона метавонад баъзе ё ҳамаи кукиҳои зеринро таъсис диҳад:
Илова бар он кукиҳо, ки аз тарафи Microsoft сабт мешаванд, инчунин, ширкатҳои сеюм низ метавонанд дар ҳарддиски шумо ҳангоми назар кардан аз сомона кукиҳо таъсис диҳанд. Дар баъзе ҳолатҳо, ин барои он ба миён меояд, ки мо ширкатҳои сеюмро барои таъмин намудани хизматрасони аз номи мо ба кор қабул менамоем, ба монанди пешниҳод намудани таҳлили сомонаҳо. Дар ҳолати дигар, барои он ки сомонаҳои мо мафҳумҳо ва рекламаҳоро, ба монанди видео, хабар ё рекламаҳое, аз дигар шабакаҳои рекламави мегирад. Азбаски браузери шумо, барои гирифтани мӯҳтавои мазкур, ба серверҳои веби тарафҳои сеюм пайваст мешавад, он тарафҳои сеюм метавонанд кукиҳои худро ба диски сахти шумо гузоранд ё онҳоро хонанд.
Тарҳи идора кардани кукиҳо
Масалан, дар Internet Explorer 9, шумо метавонед кукиҳои худро бо роҳи таъкиб намудани чунин роҳ маҳкам намоед:
Дастурҳо барои бастани кукиҳо дар браузерҳои дигар дар http://www.allaboutcookies.org/manage-cookies/ дастрасанд.
Илтимос эҳтиёт бошед, агар шумо маҳкам намудани кукиҳо интихоб намоед, шумо наметавонед қайд ё хусусияти муколамавии сомонаи Microsoft-ро истифода баред ва хизматрасонӣ вобаста ба кукиҳо ва преференсияи рекламавие, ки ба кукиҳо, вобастаро наметавонед истифода баред.
Масалан, дар Internet Explorer 9, шумо метавонед кукиҳои худро бо роҳи таъкиб намудани чунин роҳ тоза кунед:
Дастурҳо барои нест кардани кукиҳо дар браузерҳои дигар дар http://www.allaboutcookies.org/manage-cookies/ дастрасанд.
Илтимос эҳтиёт шавед, агар шумо барҳам додани кукиҳо, ки параметр ва преференсҳоро дарбар мегирад, интихоб намоед, онҳо бебозгашт тоза карда мешаванд.
Ҷузъҳои идоракунии браузер барои "Манъи пайгирӣ" ва Муҳофизат аз пайгирӣ. Баъзе браузерҳои нав хусусияти "Манъи пайгирӣ"-ро доранд. Бештари аз ин хусусиятҳо, ҳангоми гирён буданашон, ба сомонаи зиёрат намудаатон сигнал оид ба номатлуб донистани мушоҳидаи амалиётҳои шумо равон мекунанд. Он сайтҳое (ё мӯҳтавои тарафҳои сеюм дар он сайтҳо), ки аз номатлубии мушоҳидаи амалиёти шумо хабардоранд, метавонанд ин гуна мушоҳидаро, мутобиқи баёнияҳои махфияти сайти мазкур, давом диҳанд.
Internet Explorer 9 ва 10 хусусияте доранд бо номи "Ҳимоя аз пайгирӣ", ки он сайтҳоеро, ки шумо дохил шудаед, аз ба тариқи худкор равон намудани маълумот ба таҳвилгарони сеюми мӯҳтаво пешгирӣ мекунад. Вақте, ки шумо Ҳимоя аз Поиш ҳамроҳ мекунед, Internet Explorer маводҳои аз шахсҳои сеюм омадаро маҳкам мекунад, аз ҷумла тамоми кукиҳо аз сомонаи, ки дар руйхати сомонаи маҳкамшаванда дохил шудааст. Бо маҳдудгузорӣ ба ин сомонаҳо, Internet Explorer маълумотҳо дар бораи шумо, ки аз тарафи ширкатҳои сеюм ҷамъ карда мешаванд, маҳдуд мекунад. Вақте ки шумо руйхати ҳимоя аз паёгириро фаъол мекунед, Internet Explorer ба вебсайтҳои зиёрат мекардаатон фармони манъи пайгирӣ равон мекунад. Илова бар ин, дар Internet Explorer 10 шумо метавонед манъи пайгириро алоҳида фаъол ё ғайрифаъол кунед. Барои гирифтани маълумоти бештар оиди рӯйхатҳои ҳимоя аз пайгирӣ ва манъи пайгирӣ баёнияи махфияти Internet Explorer-ро ё Кӯмаки Internet Explorer-ро аз назар гузаронед.
Ширкатҳои алоҳидаи рекламавӣ метавонанд қобилияти интихобнамоии худ ва интихоби мукамали рекламавиро пешниҳод намоянд. Масъалан, танзимот ва ҷузъҳои идоракунии обунаи Microsoft дар http://choice.live.com/advertisementchoice/ дастрас мебошанд. Илтимос дар хотир доред, ки аз иштирок даст кашидан маънои онро надорад, ки рекламагирӣ манъ карда шавад ё кам карда шавад, балки агар шумо аз иштирок даст кашед, рекламае, ки шумо мегиред, дигар аз рафтор вобаста намешавад. Илова бар ин, дасткашӣ аз гирифтани рекламаи рафтории мақсаднок воридшавии маълумотро ба серверҳои мо қатъ намегардонад, аммо ин эҷодшавӣ ва навшавии профилҳоеро, ки метавонанд барои мақсадҳои рекламаи рафторӣ истифода шаванд, қатъ гардонад.
Истифодаи веб миноҳо
Сомонаҳои Microsoft метавонанд тасвирҳои электрониро дар бар гиранд, ки онҳо ҳамчун веб миноҳо (баъзе вақт GIFҳои якпиксела низ номида мешаванд), барои бурда расонидани кукиҳо ба сомонаҳои мо истифода мешаванд ва ба мо иконияти ҳисоб намудани миқддори истифодабарандагони саҳифаҳои мазкур ва расонидани хизматрасонии ширкатиро медиҳад. Мо метавонем веб миноҳоро дар хабарномаҳои e-mailи рекламави дохил намоем, то пас бидонем, ки оё онҳо кушода шудаанд ва амалиётҳои хонанда оид ба онҳо чӣ буданд.
Мо инчунин метвонем бо дигар ширкатҳое, ки рекламаашонро дар сомонаи Microsoft чой додаанд ҳамкорӣ намуда, дар сомонаи онҳо веб миноҳо ҷой диҳем, то имконияти ташкил додани омор оид ба миқдори харид ё дигар амалҳо, ки пас аз гузаштани истифодабаранда аз сомонаи мо ба сомонаи ширкати дигар, ба миён меоянд ба даст орем.
Дар охир, сомонаҳои Microsoft метавонанд аз ширкатҳои сеюм веб миноҳо қабул намуда, онҳоро барои ҷамъ намудани омор оид ба самаранокии реклама ё дигар амалиётҳои вебии мо истифода баранд. Ин веб миноҳо метавонад ба ширкатҳои сеюм иҷозати таъсис ва ё хондани куки дар компютери шуморо диҳанд. Мо ба ширкатҳои сеюм барои ҷамъ намудан ё дастрас намудани маълумоти шахсии шумо иҷозат намедиҳем. Аммо шумо метавонед ҷамъ намудани маълумот ё истифодаи ин гуна маълумот аз тарафи ширкатҳои сеюм ба воситаи гузаштан ба истинодҳои таҳлилгарони зерин қатъ намоед:
Кукиҳо ва технологияҳои ҳамшабеҳ
Илова бар ин кукиҳои стандартӣ ва веб миноҳо, ва сомонаҳо метавонанд дигар технологияро барои муҳофизат ва хонадани файлҳо истифода шаванд. Ин метавонад барои ҳимоя намудани преференси шумо ё рушди зудӣ ва кор бо роҳи сабти маҳаллии файлҳои мушаххас амалӣ гардад. Аммо, ба монанди кукиҳои стандартӣ ин ҳам метавонад барои нигоҳ доштани идентификаторҳои беҳамто барои компутерҳои шумо, ки баътар метавонад барои таъқиби рафтор истифода шавад, истифода шавад. Ин технология ба худ Ҳадафҳои дар Маҳал Нигоҳдошта (Local Shared Objects) (ё "Flash кукиҳо") ва Анбори Барномаи Silverlight (Silverlight Application Storage) дошта бошад.
Ҳадафҳои дар Маҳал Нигоҳдошта (ё "Flash кукиҳо") Сомонаҳое, ки технологияи Adobe Flash истифода мебаранд, метавонанд Ҳадафҳои дар Маҳал Нигоҳдошта (ё "Flash кукиҳо") низ барои нигоҳ доштани маълумот истифода баранд. Дар хотир доред, ки браузери шумо метавонад қобилияти тоза намудани Flash кукиҳо бо ҳамроҳии кукиҳои стандартӣ надошта бошад. Ин аз намуди браузер вобаста мебошад. Барои идора кардан ё бастани кукиҳои Flash, ба http://www.macromedia.com/support/documentation/en/flashplayer/help/settings_manager.html гузаред.
Анбори барномаи Silverlight Сомонаҳо ва барномаҳое, ки технологияи Microsoft Silverlight истифода мебаранд, қобилияти нигоҳ доштани маълумот бо ёрии Анбори Барномаи Silverlight-ро доранд. Барои омузиши идора ва маҳкам намудани ин гуна анбор ба Silverlight муроҷиат намоед.
Microsoft ҳар гуна маълумотро ҷамъ менамояд, то фаъолияташро самаранок гардонида, шуморо бо маҳсулот, хизматрасониҳо ва амалиёти беҳтарин таъмин намояд.
Маълумоти шумо дар вақти ба қайд гирифтан, дохил шудан ва истифодаи нишонаҳо ва хизматрасониҳо ҷамъ мешавад. Ғайр аз ин, мо метавонем маълумотро аз ширкатҳои дигар ба даст орем.
Ин маълумотро мо бо ҳар гуна роҳҳо ҷамъ меорем, инчунин аз веб формаҳо, технологияҳо ба монанди кукиҳо, дохилшавӣ ба сомонаҳо ва барномаҳои воқеъ дар компутер ё дастгоҳҳои дигари шумо.
Microsoft ҳар гуна маълумотро ҷамъ менамояд, то фаъолияташро самаранок гардонида, шуморо бо маҳсулот, хизматрасониҳо ва амалиёти беҳтарин таъмин намояд. Қисми ин маълумотро шумо ба мо бевосита пешниҳод менамоед. Баъзе маълумотро мо ба тарзи назорат намудани тарзи истифодаи маҳсулот ва хизматрасониҳои мо ба даст меорем. Қисми дигарашро аз манбаҳои дигар дастрас кардан мумкин аст, ки мо ин қисмҳоро бо маълумоти доштаамон якҷоя мекунем. Новобаста аз манба, мо баварӣ дорем, ки ин гуна маълумотро мо бояд бо мулоҳиза истифода барем ва ба шумо барои махфӣ доштани он мусоҳидат намоем.
Маълумоте, ки мо ҷамъ мекунем:
Тарзи ҷамъ овардани маълумот:
Барои ҷамъ овардани маълумот дар бораи истифодабарии сомонаҳо ва хизматрасониҳо, мо якчанд усулҳо ва технологияҳоро истифода мебарем:
Microsoft маълумоти бо мо ҷамъ оварда шударо барои фаъолият, инкишоф ва фардӣ кунондани маҳсулот ва хизматрасониҳоямон истифода мебарад.
Мо метавонем, инчунин ин гуна маълумотро барои тамос бо шумо истоифода барем. Масъалан, барои шуморо оид ба навигариҳои аккаунтатон ва муҳофиза хабардор намудан.
Ғайр аз он, мо метавонем маълумотро барои мувофиқ кардани рекламаи, ки шумо дар хизматрасониҳои дорои қобилияти рекламаанд, ба эҳтиёҷи шумо истифода барем.
Microsoft маълумоти бо мо ҷамъ оварда шударо барои фаъолият, инкишоф ва фардӣ кунондани маҳсулот ва хизматрасониҳоямон истифода мебарад. Маълумоте, ки бо як хизматрасонии Microsoft ҷамъ оварда мешавад, метавонад бо маълумотҳои дигари шумо аз хизматрасониҳои дигари Microsoft якҷоя карда шавад, то ҳамкории мову шумо осон ва самаранок бошад. Инчунин, мо метавонем маълумотҳои ширкатҳои дигарро ба маълумотҳои худамон илова намоем. Масъалан, мо метавонем хизматрасониҳои ширкатҳои дигарро барои гирифтани маълумоти минтақаи ҷуғрофии умумии шумо нишони IP-ии шуморо истифода бурда, баъзе хизматрасониҳои худро ба минтақаи ҷуғрофии шумо ҷӯр созем.
Ғайр аз он, мо метавонем маълумтҳоро барои тамос бо шумо истифода барем. Масъалан, барои хабардор сохтан оид ба қатъ шудани обунаи шумо, огоҳонидан оид ба дастрас шудани навигариҳои муҳофиза ё дар ҳолате, ки шумо барои амалӣ доштани аккаунтатон бояд ягон амалро иҷро кунед.
Microsoft бо он сабаб бисёри сомонаҳо ва хизматрасониҳои худро ройгон пешниҳод мекунад, ки ин гуна сомонаву хизматрасониҳо аз ҳисоби реклама дастгирӣ карда мешаванд. Барои дастрас сохтани ин хизматрасониҳо, маълумоте, ки мо ҷамъ меоварем, метавонад барои инкишоф додани рекламае, ки шумо мебинед, истифода бурда шавад, ки ин гуна реклама ба эҳтиёҷоти шумо чавобгӯ бошад.
Мо ӯҳдадорем, ки маълумоти шуморо ба ғайр аз тарзе, ки дар ин изҳороти махфият пешбинӣ шудааст, ба шахсони сеюм бе иҷозати шумо ошкор насозем.
Эҳтироман, ба Маълумоти дигар оид ба махфият гузашта, маълумот оид ба ҳолатҳое, ки мо ва ё ҳарифону таъминкунандагони мо метавонанд маълумоти махфии шуморо ошкор созанд, гиред; инчунин мутобиқи талаботи қонун ё суд, барои мубориза бар зидди қаллобӣ ё муҳофизаи манфиатҳо ва ё саломативу ҷони мо.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ оид ба мубодилаи маълумот ё ошкор кардани маълумоти махфӣ, инҷо зер намоед:
Баъзе хизматрасониҳои Microsoft ба шумо имконият медиҳанд, ки маълумотҳои шахсиатонро дар сомона муоина ва таҳрир намоед. Барои монеа шудан ба муоинаи маълумоти шахсии шумо аз тарафи дигарон, шумо аввал бояд ба система дохил шавед. Тарзи дастрас намудани маълумотатон аз сомона ва ё хизматрасониҳои истифодабурдаатон вобаста мебошад.
Microsoft.com - Шумо метавонед ба профили худ дар microsoft.com, воқеъ дар Маркази Профилҳои Microsoft.com дохил шавед ва онро нав кунед.
Хизматрасониҳои Биллингӣ ва Аккаунтии Microsoft - Агар шумо соҳиби аккаунти Microsoft Биллинг бошед, шумо метавонед маълумотҳои худро дар сомонаи Microsoft Биллинг бо тариқи зер намудани тугмачаи истинодҳои "Маълумоти шахсӣ" ё "Маълумоти суратхисоб" нав кунед.
Microsoft Коннект - Агар шумо истифодабарандаи қайд кардашудаи Microsoft Коннект бошед, шумо метавонед муоина ва таҳрири маълумоти шахсиатонро бо тариқи пахш намудани тугмачаи Идоракунии профили Коннекти худ вокеъ дар сомонаи Microsoft Коннект амалӣ намоед.
Windows Live - Агар шумо хизматрасонии Windows Live-ро истифода бурда бошед, шумо метавонед маълумоти профили худро нав кунед, рамзатонро иваз кунед, шаходатномаи шахсии вобаста ба мактуби тавсиявиро муҳокима кунед ё суратҳисоби муайянро бо рохи боздид аз Хизматрасониҳои Аккаунтии Windows Live амалӣ намоед.
Профили Ҷамъиятии Windows Live - Агар шумо профили ҷамъиятӣ дар Windows Live таъсис дода бошед, шумо инчунин метавонед маълумотро тариқи гузаштан ба профили Windows Live-и худ таҳрир ё барҳам диҳед.
Рекламаи ҷустуҷӯӣ - Агар шумо рекламаи ҷустуҷӯӣ аз Microsoft Эдвертайзинг харида бошед, шумо метавонед маълумоти шахсиатонро дар сомонаи Microsoft adCenter аз назар гузаронед ва таҳрир кунед.
Барномаи Ҳарифии Microsoft - Агар шумо дар Барномаи Ҳарифии Microsoft кайд шуда бошед, шумо метавонед профили худро бо роҳи пахш намудани тугмачаи Идоракунии аккаунти худ дар сомонаи Барномаи Ҳарифӣ аз назар гузаронед ва таҳрир кунед.
Xbox - агар шумо истифодабарандаи Xbox LIVE ё Xbox.com бошед, шумо метавонед маълумоти шахсиатонро аз назар гузаронед ё тахрир намоед, аз он ҷумла суратҳисоб ва аккаунт, параметрҳои махфиятро дуруст намоед ва преферанси мубодилаи маълумот тариқи гузаштан ба Xbox-и ман дар дастгоҳи Xbox 360 ё сомонаи Xbox.com амали намоед. Барои маълумоти аккаунт тугмачаи "Xbox-и ман, Аккаунтҳо" интихоб намоед. Барои танзимкунии параметрҳои дигари маълумотҳои шахсӣ аввал "Xbox-и ман", баъд "Профил", баъд "Параметрҳои бехатарии онлайн"-ро интихоб намоед.
Zune - агар шумо аккаунти Zune ё обунаи Zune Pass дошта бошед, шумо метавонед маълумоти шахсии худро дар Zune.net (аз кайд гузаред, аввал тэги "Zune"-ро кушоед, баъд "Аккаунти ман") ё бо воситаи барномаи Zune (аз кайд гузаред, аввал тэги "Zune"-ро кушоед, баъд "профили Zune.net"-ро интихоб намоед).
Агар шумо ба маълумоти шахсие, ки аз тарафи сомонаҳои Microsoft ё хизматрасонҳои аз истиснодҳои дар боло номбаршуда роҳ ёфта натавонед, ин сомонаҳо ва хизматрасониҳо метавонанд бо роҳҳои дигари дастрас намудани маълумотатон таъмин намоянд. Шумо метавонед бо тариқи истифодаи веб форма бо Microsoft алоқа намоед. Мо дархостро оид ба дастрас намудан ё барҳам додани маълумоҳои шахсии шуморо дар давоми 30 руз амали менамоем.
Вақте ки нишона ё хизматрасонии Microsoft маълумот оид ба синнусол ҷамъ меоварад, ӯ роҳи истифодабарандагони аз сини 13 сол хурдтарро мегирад ё аз волидайн ё назоратчии дигар иҷозат талаб менамояд.
Баъди гирифтани иҷозат, аккаунти хурдсол ҳамчӯ аккаунтҳои дигар идора карда мешавад, ва инчунин қобилияти муошират бо истифодабарандагони дигар медиҳад.
Волидайн метавонанд мутобиқи ин изҳороти махфият иҷозатро барҳам ё иваз намоянд
Вақте ки нишона ё хизматрасонии Microsoft маълумот оид ба синнусол ҷамъ меоварад, ӯ ё роҳи истифодабарандагони аз сини 13 сол хурдтарро мегирад, ё аз волидайн ё назоратчии дигар барои истифода иҷозат дархост менамояд. Мо дидаву дониста аз хурдсолони аз сини 13 сол хурдтар барои пешниҳод намудани хизматрасонии мушаххас маълумоти лозим дархост наменамоем.
Баъди гирифтани иҷозат, аккаунти хурдсол ҳамчӯ аккаунтҳои дигар идора карда мешавад. Хурдсол хизматрасониҳои муоширатӣ, монанди e-mail, мукотиботи зуд ва форумҳои муоширатии онлайн, дастрас намуда, бо ҳамаи истифодабарандагони ҳар гуна синнусол муошират карда метавонад.
Волдайн метавонанд иҷозати пешакӣ додашударо барҳам ё иваз намоянд, ва метавонанд маълуомти шахсии бачагони худро аз назар гузаронанд, ва таъғир ва ё барҳамдиҳии ин гуна маълумотро дархост намоянд. Масъалан, дар Windows Live, волидайн метавонанд ба аккаунти худ даромада, "Иҷозатҳои волидайнӣ"–ро пахш намоянд.
Бештари реклама дар шабакаҳо ва хизматрасониҳои Microsoft аз тарафи Microsoft Эдвертайзинг инъикос карда мешавад. Вақте ки мо ба шумо реклама пешниҳод менамоем, барои шинохтани компютери шумо мо як ё ду кукиро ҷойгир менамоем, ки имконияти шинохтани компютери шумо дар вақти пешниҳод намудани реклама дошта бошем. Бо мурури замон, мо метавонем маълумотҳоро аз шабакаҳое, ки мо рекламаҳоро ҷойгир менамоем ҷамъ намоем ва маълумотҳоро барои таъмини рекламаҳои нисбатан муҳим истифода барем.
Шумо метавонед, рекламаи муайянро аз Microsoft Эдвертайзинг басаҳифаи қатънамоии обуна гузашта, барҳам диҳед.
Бештари сомонаҳо ва хизматрасониҳои мо ба туфайли реклама дастгирӣ меёбанд.
Бештари реклама дар шабакаҳо ва хизматрасониҳои Microsoft аз тарафи Microsoft Эдвертайзинг инъикос карда мешавад. Вақте, ки мо рекламаро ба шумо пешниҳод менамоем, мо як ё зиёда кукиҳоро ба компютери шумо барои шинохтани компютери шумо ҳар боре, ки мо ба шумо реклама пешниҳод менамоем, ҷойгир менамоем. Азбаски мо дар сомонаи худамон ва ҳарифони рекламавӣ ва нашриявиамон реклама ҷойгир менамоем, мо қобилияти мунтазам ҷамъ намудани маълумот дар бораи намуд, таркиб ва рекламаи воқеъ дар саҳифаҳое, ки аз компютери шумо кушода мешаванд, дорем. Ин маълумот бо мақсадҳои гуногун истифода мешавад, масалан, ин ба мо имконият медиҳад, ки мо рекламаи якхеларо такроран ба шумо пешниҳод накунем. Мо инчунин ин маълумотро барои интихоб ва инъикос намудани рекламаҳои мақсадноке, ки мо боварӣ дорем ба шумо маъқул мешавад, истифода мебарем
Шумо метавонед, рекламаи муайянро аз Microsoft Эдвертайзинг басаҳифаи қатънамоии обуна гузашта, барҳам диҳед. Барои маълумоти бештар доир ба чи гуна Microsoft Эдвертайзинг маълумотро барои реклама истифода мебарад, лутфан ба Изҳороти махфияти рекламаи Microsoft назар афканед.
Мо инчунин ба ширкатҳои рекламавии сеюм, аз ҷумла шабакаҳои рекламавии дигар иҷозат медиҳем, ки эълонҳои худро дар сомонаҳои мо инъикос намоянд. Дар баъзе ҳолатҳо ин ширкатҳои сеюм метавонанд дар компютери шумо кукиҳо ҷойгир намоянд. Руйхати нопурраи ин гуна ширкатҳо: 24/7 Real Media, adblade, AdConion, AdFusion, Advertising.com, AppNexus, Bane Media, Brand.net, CasaleMedia, Collective Media, InMobi, Interclick, Jumptap, Millennial Media, Nugg.ad AG, Mobclix, Mojiva, SpecificMedia, Tribal Fusion, ValueClick, Where.com, Yahoo!, YuMe, Zumobi. Ин ширкатҳо метавонанд ба шумо роҳи интихоб намудани рекламаҳои максаднокро дар асоси кукиҳои худ пешниҳод намоянд. Шумо метавонед маълумоти бештарро бо роҳи зер намудани номи ширкатҳои дар боло номбаршуда ва таъкиби истинодҳои сомнаҳои ҳар як ширкат ба даст оред. Бештари онҳо аллакай аъзои Лоиҳаи Рекламаи Шабакавӣ ё Алянси Рекламаи Рақамӣ мебошанд, онҳо роҳи оддии қатъ намудани обуна барои рекламаҳои мақсаднок аз ширкатҳои иштироккунанда таъмин менамоянд.
Шумо метавонед омадани e-mailҳои рекламавие, ки аз сомонаҳо ва хизматрасониҳои Microsoft равон мешаванд, дастурҳои дохил дар ҳар яке аз e-mailи гирифтаатон иҷро карда, қатъ намоед. Вобаста аз хизматрасонии мувофиқ, шумо инчунин метавонед пешакӣ намудҳои иртиботи рекламавиро интихоб намоед, ки онҳо метавонанд барои сомонаҳо ё хизматрасониҳои мушаххаси Microsoft e-mail, телефон ё почтаи оддӣ бошанд.
Агар шумо аз мо e-mailҳои рекламавӣ мегирифта бошед ва хоҳед, ки мо дигар онҳоро ба шумо равон накунем, шумо метавонед аз дастури дохили e-mailҳои алакай гирифтаатон истифода баред.
Вобаста аз хизматрасонии мувофиқ, шумо барои пешакӣ интихоб намудани намудҳои иртиботи рекламавӣ аз сомонаҳо ё хизматрасониҳои мушаххаси Microsoft, ки e-mail, телефон ё почтаи оддиро дарбар мегирад, ба саҳифаҳои зерин гузашта ё дохил шуда, интихоб кунед:
Ин интихобҳо ба нишони рекламаи онлайн дар веб саҳифаҳо дахл надоранд: эҳтироман ба бахши "Нишони реклама (қатъ намудани обуна)" гузашта, маълумоти муфассалтар гиред. Инчунин, ин интихобҳо ба гирифтани иртиботи хизматии ҳатмӣ, ки ҳамчӯ қисми хизматрасониҳои Microsoft ҳисобида шуда, ба шумо гоҳгоҳ, то қатъ намудани хизматрасонӣ, фиристода мешаванд, дахл надоранд.
Вақте ки шумо хидмат ё хусусиятеро, ки аз ҷойгиршавии шумо вобастаа аст, истифода мебаред, иттилооти дастрас оиди симчӯби алоқаи мобилӣ, иттилооти Wi-Fi ва иттилооти системаи ҷаҳонии муайянкунии ҷойгиршавӣ (GPS) метавонад ба Microsoft равон карда шавад. Microsoft маълумотро оиди ҷойгиршавӣ барои таъмин кардани хизматрасониҳои дархосткардаи шумо, фардӣ кунондани кори шумо ва беҳтар кардани маҳсулот ва хидматҳои Microsoft истифода мебарад.
Баъзе хидматҳо ба шумо имконияти интихоб кардани кадом вақт маълумот оиди ҷойгиршавӣ бояд ба Microsoft фиристода шавад ё барои дигарон дастрас карда шавад медиҳанд. Дар баъзе мавридҳо, маълумот оиди ҷойгиршавӣ барои хидмат ҳатмист ва метавонад нест кардани хусусият ё қатъ гардонидани хидматро талаб кунад, то фиристодани маълумот оиди ҷойгиршавӣ низ қатъ гардад. Барои гирифтани маълумот оид ба тарзи фаъол ё ғайрифаъол кардани хусусиятҳои муайянкунии ҷойгиршавӣ, ҳуҷҷатҳоеро, ки бо дастгоҳатон омадаанд, аз назар гузаронед.
Иттилооти дастгирӣ маълумоте мебошад, ки мо ҳангоми аз шумо қабул кардани дархости дастгирӣ ё иҷро шудани воситаи бартарафкунии носозиҳо ҷамъ меорем, инчунин маълумот оиди сахтафзор, нармафзор ва тафсилоти дигар, ки ба дархости дастгирӣ алоқаманд аст. Масъалан: маълумоти тамос ё санҷиши ҳаққоният, маълумот оиди фармоишдиҳии сеанси чат, маълумот оиди вазъияти дастгоҳу барнома ҳангоми ба миён омадани носозӣ ва ташхис, иттилооти системавӣ ва номгӯ оиди насбҳои нармафзор ва пайкарбандии сахтафзор ва файлҳои пайгирии хатогиҳо. Мо иттилооти дастгириро тарзе, ки дар ин баёнияи махфият муайян карда мешавад, истифода бурда, онро барои бартараф кардани сабаби носозӣ ва таълим истифода мебарем.
Дастгирӣ метавонад ба воситаи телефон, почтаи электронӣ ё чати онлайн пешниҳод карда шавад. Мо метавонем бо иҷозати шумо дастрасии дурдаст (ДД) истифода барем, то мувақаттан мизи кории шуморо мурур намоем. Сӯҳбатҳои телефонӣ, сеансҳои чати онлайн, сеансҳои дастрасии дурдаст бо мутахассисони хидмати дастгирӣ метавонанд сабт карда шаванд ва/ё назорат карда шаванд. Баъди ба охир расидани сеанси ДД, шумо метавонед сабти онро дастрас намоед. Шумо метавонед сеанси чати онлайн ё ДД-ро дар вақти дилхоҳ қатъ намоед.
Баъди бартараф кардани носозӣ, мо метавонем ба шумо оиди таассурот ва пешниҳодҳоятон райпурсӣ равон кунем. Қатъ кардани райпурсиҳои дастгирӣ алоҳида аз иртиботи дигари Microsoft, ба тариқи муроҷиат ба хидмати дастгирӣ ё поёни номаи электронӣ, иҷро карда мешавад.
Барои аз назар гузаронидан ва тағйир додани маълумоти шахсии худ, ки ба воситаи хидматҳои дастгирии мо ҷамъ оварда мешавад, Веб-варқаи моро истифода баред.
Баъзе ташкилотҳо метавонанд пешниҳодҳои дастгирии мукаммалтар харанд (масъалан, Premier ва ғайра). Ин гуна пешниҳодҳо бо шарту шароити шартномаҳои махсуси худ ба танзим дароварда мешаванд.
Иттилооти пардохт маълумоте мебошад, ки ҳангоми харид карданатон дар Интернет ба шумо пешниҳод карда мешавад. Ин метавонад рақами василаи пардохти шумо, (масалан, корти қарзӣ, PayPal), ном ва суроғаи пешниҳоди ҳисоби шумо ва рамзи амнияти марбут ба василаи пардохти шуморо (масалан CSV ё CVV) дарбар гирад. Ин қисмат маълумотро дар бораи ҷамъоварӣ ва истифодаи маълумоти пардохти шумо пешкаш мекунад.
Маълумоти пардохт барои анҷом додани амалиёти шумо ва инчунин барои пешгирӣ ва муайянкунии қаллобӣ истифода бурда мешавад. Барои тақвияти ин намудҳои истифода, Microsoft метавонад Иттилооти пардохтро бо бонк ва шахсони дигаре, ки амалиёти пулиро ва хизматҳои дигари молиявиро коркард мекунанд, ва бо мақсади пешгирии қаллобӣ ва коҳиш додани хатари қарзӣ, мубодила кунад.
Вақте ки шумо Иттилооти пардохтро, ҳангоми ворид будан бо ҳисоби Microsoft ё ҳисоби ташкилотии худ, пешниҳод менамоед, мо иттилооти мазкурро захира менамоем, то ба шумо барои амалӣ гардонидани амалиёти оянда ёрӣ расонем.
Шумо метавонед маълумоти василаи пардохти худро, ки бо ҳисоби шумо дар Microsoft алоқаманд аст, тавассути ворид шудан ба https://commerce.microsoft.com тоза ё навсозӣ кунед. Шумо метавонед маълумоти василаи пардохти худро, ки бо ҳисоби шумо дар ташкилотатон алоқаманд аст, тавассути тамос гирифтан бо Дастгирии муштариён тоза кунед. Аммо, пас аз пӯшидани ҳисоби худ ё тоза кардани иттилооти василаи пардохти шумо, Microsoft метавонад иттилооти василаи пардохти шуморо дар тӯли муддати оқилонаи барои анҷом додани амалиёти мавҷудаи шумо, барои ба ҷо овардани талаботҳои қонунии Microsoft ва талаботҳо оиди ҳисобдиҳӣ, ва инчунин барои пешгирии қаллобӣ зарур нигоҳ дорад.
Ҳисоби Microsoft (дар расмият ҳамчун Windows Live ID ва Microsoft Passport шинохта буд) хидмате мебошад, ки ба шумо барои дохил шудан ба маҳсулот, вебсайтҳо ва хидматҳои Microsoft, аз он ҷумла баъзе ҳамкорони Microsoft, иҷозат медиҳад. Вақте, ки шумо ҳисоби Microsoft-ро эҷод мекунед, мо аз шумо маълумоти махсусро талаб менамоем. Вақте, ки шумо ба сомона ва ё хизматрасонӣ ҳисоби Microsoft-и худро истифода намуда дохил мешавед, барои муҳофизат намудани шумо аз истифодаи бадқасдонаи аккаунтатон ва мухофизати хизмати бехатарӣ ва таъсинокии хизматрасонии ҳисоби Microsoft ва бо мақсади тасдиқи шахсияти шумо аз номи сомона ё хизмат мо маълумотҳои махсус ҷамъ менамоем. Мо инчунин маълумоти махсусро ба сайт ё хидмате, ки шумо ба он тавассути ҳисоби Microsoft-и худ ворид мешавед, мефиристонем.
Барои намоиш додани тафсилоти иловагӣ дар бораи ҳисоби Microsoft, аз он ҷумла чӣ гуна эҷод кардан ва истифода бурдани ҳисоби Microsoft, чӣ гуна таҳрир намудани маълумоти ҳисоб ва чӣ тавр мо маълумотро доир ба ҳисоби Microsoft ҷамъ ва истифода менамоем, лутфан "Маълумоти бештар"-ро зер кунед.
Ҳисоби Microsoft (дар расмият ҳамчун Windows Live ID ва Microsoft Passport шинохта буд) хидмате мебошад, ки ба шумо барои дохил шудан ба маҳсулот, вебсайтҳо ва хидматҳои Microsoft, аз он ҷумла баъзе ҳамкорони Microsoft, иҷозат медиҳад. Ин маҳсулот, вебсайтҳо ва хидматҳои зеринро дар бар мегирад:
Эҷодкунии ҳисоби Microsoft
Шумо метавонед ҳисоби Microsoft-ро дар ин ҷо бо таъминнамудани суроғаи почтаи электронӣ, парол ва маълумоти дигар, ба монанди суроғаи почтаи электронии иловагӣ, рақами телефон ва савол ва чавоби махфӣ, эҷод кунед.Мо маълумоти иловагии ҳисоби шуморо танҳо бо мақсадҳои амниятӣ истифода мебарем, масалан барои тасдиқ намудани шахсияти шумо дар ҳолате, ки шумо ба ҳисоби Microsoft-и худ ворид шуда наметавонед, ва ба ёрӣ мӯҳтоҷед ё барои барқарор намудани пароли шумо, агар шумо ба суроғаи почтаи электронӣ худ, ки ба ҳисоби Microsoft вобастагӣ дорад, ворид шуда натавонед. Баъзе хидматҳо метавонад аз шумо хоҳиши илова кардани амниятро талаб кунад, дар ин ҳолат, аз шумо хоҳиш карда мешавад, ки калиди бехатарии амниятро эҷод кунед. Суроғаи почтаи электронӣ ва рамзи шумо, ки барои дохил шудан ба ҳисоби Microsoft ҳамчун мактуби боваринок, ки шумо онро барои тасдиқ намудани нусхаи аслӣ дар шабакаи мо истифода менамоед. Ғайр аз он, рақами ягонаи ID-и 64‑бита ба маълумоти шахсии шумо таъин мешавад ва барои муайян намудани шахсияти шумо ва маълумот ба он истифода мешавад.
Вақте ки шумо ҳисоби Microsoft эҷод мекунед, мо аз шумо талаб менамоем, ки маълумоти демографии зеринро таъмин намоед: ҷинс, давлат, санаи таваллуд, ва индекс. Мо метавонем санаи таваллудро барои тасдиқ намудани он ки кудакон ёрии лозимаро аз волидон ва ё парасторон барои истифодаи ҳисоби Microsoft тибқи қонунгузории миллӣ гирфтаанд, истифода барем. Илова бар ин, маълумоти демографӣ аз тарафи хизматрасониҳои рекламавии онлайни мо истифода бурда мешавад, ки мо тавонем ба шумо рекламаи фардӣ оид ба маҳсулот ва хизматрасониҳои ба шумо лозима пешниҳод кунем, аммо низоми рекламавии мо ҳеҷ вақт ном ва маълумоти шуморо ба даст оварда наметавонанд. Бо суханҳои дигар, низоми рекламавии мо ягон намуди маълумоти шахсияти шуморо тасдиқкунандаро истифода намебарад. Агар шумо гирифтани рекламаи шахсиро маъқул надонед, шумо метавонед бартарии худро бо ҳамроҳии ҳисоби Microsoft-и худ бо роҳи боздид аз ин саҳифа ба қайд гиред. Ҳамин тавр кадом вақте, ки шумо сомона ё хизматрасонӣ бо ҳисоби Microsoft дохил шудед, низоми рекламавии мо ба шумо рекламаи фардӣ пешниҳод наменамояд. Барои маълумоти бештар доир ба чи гуна Microsoft маълумотро барои реклама истифода мебарад, лутфан ба Изҳороти махфияти рекламаи Microsoft назар афканед.
Шумо метавонед суроғаи почтаи электронӣ, ки аз тарафи Microsoft таъмин шудааст (ба монанди онҳое, ки бо чунин калимаҳо ба охир мерасанд live.com, hotmail.com, or msn.com) ё суроғаи почтаи электронӣ, ки аз тарафи ширкатҳои сеюм таъмин шудааст (ба монанди онҳое, ки бо калимаҳои зерин ба охир мерасанд gmail.com ё yahoo.com) ҳангоми ворид шудан ба ҳисоби Microsoft-и худ истифода намоед.
Ҳангоми эҷод кардани ҳисоби Microsoft, мо ба шумо суроғаи почтаи электрониро равон карда, талаб менамоем, ки шумо соҳиби суроғаи электронии бо ҳисоби Microsoft-и шумо алоқамандро тасдиқ намоед. Ин барои тасдиқи ҳақиқӣ будани суроғаи электронӣ тайёр шудааст ва барои муҳофизат аз истифодаи ғайр бе иҷозат ёрӣ мерасонад. Баъдан мо ин суроғаи электрониро барои фиристодани хабар оид ба истифодаи маҳсулоти Microsoft ва хизматрасониҳои он истифода мебарем; мо инчунин метавонем ба шумо мактубҳои электронии мувофиқ оид ба мақсулоти Microsoft ва хизматрасониҳо он тибқи қонунгузории миллӣ равон кунем. Барои маълумоти бештар оид ба идоракунии рӯйхати хабарҳои рекламавии мувофиқ, лутфан ба Иртиботҳо назар афканед.
Агар шумо кӯшиш барои қайд намудан ба ҳисоби Microsoft кунед ва дарёбед, ки шахсияти дигар аллакай маълумоти бақайдгирӣ бо суроғаи электронии шумо эҷод кардааст, шумо метавонед ба мо алоқа намуда, талаб намоед, ки шахси дигар номи корбари дигар гирад, то ки шумо тавонед суроғаи почтаи электронии худро дар вақти эҷодкунии номи корбар ва рамзи махфии худ истифода баред.
Воридшавӣ ба нармафзор, сайтҳо ё хидматҳо бо истифодаи ҳисоби Microsoft‑и худ.
Вақте ки шумо ба сайт ва ё хидмат тавассути ҳисоби Microsoft‑и худ ворид мешавед, барои тайид кардани шахсияти шумо аз ҷониби сайт ё хидмат, барои муҳофизат намудани шумо аз истифодаи бадқасдонаи ҳисоби шумо ва барои мухофизати самаранокӣ ва амнияти хидмати ҳисобҳои Microsoft, мо маълумоти махсусро ҷамъ мекунем. Масалан, вақте ки шумо ворид мешавед, хидмати ҳисоби Microsoft номи корбар, рамзи махфӣ ва дигар маълумоти шуморо, ба монанди рақами ягонаи ID-и 64‑битаи ба номи корбари шумо пайваст шуда, суроғаи IP, навъи браузер ва соату санаро, мегирад. Илова бар ин, агар шумо ҳисоби Microsoft-ро барои ворид шудан ба ягон дастгоҳи дигар ва ё ба нармафзоре, ки дар ягон дастгоҳ ҷойгир карда шуда бошад, бa он дастгоҳ рақами ID-и тасодуфӣ таъин карда мешавад; ҳангоме, ки шумо мунтазам ба сайт ё хидмат бо ҳисоби Microsoft ворид мешавед, ин рақами ягонаи ID-и тасодуфӣ ҳамчун як қисми номи корбар ба хидмати ҳисоби Microsoft равон карда мешавад. Хидмати ҳисоби Microsoft маълумоти зеринро ба сайт ё хидмате, ки шумо ба он ворид мешавед, равон мекунад: рақами ягонаи ID, ки гарави шахси пеш ворид шудани шумост, рақами версия, ки ба ҳисоби шумо таъин карда мешавад (рақами нав ҳар дафъа ҳангоми иваз кардани маълумоти лозим барои воридшавӣ ба хидмат ё сайт); маълумот оид ба тасдиқ шудани суроғаи почтаи электронии шумо; маълумот оид ба қатъ намудани фаъолияти ҳисоби шумо.
Баъзе аз сайтҳо ва хидматҳои тарафҳои сеюм, ки ба шумо имконияти ворид шуданро бо ҳисоби Microsoft медиҳанд, суроғаи электронии шуморо талаб мекунанд, то ки шуморо бо хизматрасониҳои худ таъмин намоянд. Дар ин ҳолат, вақте ки шумо дохил мешавед, Microsoft ба онҳо танҳо суроғаи почтаи электронии шуморо таъмин менамояд, вале на рамзи махфии шуморо. Аммо агар шумо дар сайт ё хидмат маълумоти корбари худро эҷод карда бошед, он метавонад маълумоти маҳдудро доир ба маълумоти корбари шумо дошта бошад, то ки ба шумо барои барқарор намудани пароол ё хидматҳои дигари дастгирӣ пешниҳод карда тавонад.
Агар шумо ҳисоби худро аз ягон ширкати сеюм гирифта бошед, ба монанди мактаб, корхона, провайдери хидмати Интернет ва ё маъмури домени идорашаванда, он ширкати сеюм аз болои ҳисоби шумо ҳуқуқ дорад, аз ҷумла, қобилияти танзими дубораи парол, намоиш додани истифодабарии ҳисоб ё иттилооти профил, хондан ё нигоҳ доштани мӯҳтаво дар ҳисоби шумо ва ҳисоби шуморо мувақаттан бекор кунад ё тамоман боздорад. Дар ин ҳолат, шумо ба Созишномаи хидмати Microsoft ва шартҳои иловагии истифодаи ширкати сеюм вобастаед. Агар шумо маъмури домени идорашаванда бошед ва корбарони худро бо ҳисобҳои Microsoft таъмин намуда бошед, пас шумо масъули ҳамаи фаъолиятҳое, ки дар доираи ин ҳисобҳо ба миён меояд, мебошед.
Лутфан қайд намоед, ки сайтҳо ва хидматҳое, ки ба шумо барои дохил шудан бо ҳисоби Microsoft‑и худ иҷозат додаанд, метавонанд суроғаи электронӣ ва дигар маълумоти шахсиеро, ки мувофиқи изҳороти махфияти онҳо шумо ба онҳо таъмин намудед, истифода ва мубодила намоянд. Аммо онҳо рақами ягонаи ID, ки аз тарафи хидмати ҳисоби Microsoft таъмин карда шудааст, метавонанд дар ҳолате таксим намоянд, ки агар иҷрои хидмат ва амалиёте, ки шумо талаб карда будед, амалӣ намоянд.Аз ҳамаи сайтҳо ва хидматҳое, ки ҳисоби Microsoft-ро истифода мебаранд, талаб карда мешавад, ки изҳороти махфияти худро пешниҳод намоянд, вале мо амалӣ намудани махфияти он сайтҳоро назорат ва тахлил намекунем ва амалӣ намудани махфияти онҳо ҳаргуна мебошанд. Шумо бояд бодиққат изҳороти махфияти ҳар як сайтро, ки ба он дохил мешавед, аз назар гузаронед, ба он мақсад, ки муқаррар карда шавад, ки чӣ хел ҳар як сайт ва хидмат маълумоти ҷамънамудаашро истифода мебарад.
Шумо метавонед маълумоти шахсиатонро ба ҳисоб гузашта, дастрас намоед. Шумо метавонед номи корбарро иваз намоед, ба шарте, ки агар ҳисоби Microsoft-и шумо ба домени идорашуда таалуқ надошта бошад. Шумо ҳамавақт метавонед парол, суроғаи почтаи электронии иловагӣ, рақами телефон, савол ва ҷавоби махфии худро иваз намоед. Шумо инчунин метавонед ҳисоби Microsoft-и худро ба ҳисоб ва пас "Пӯшидани ҳисоб" гузашта, пӯшед. Агар ҳисоби шумо дар домени идорашаванда бошад, чи хеле ки дар боло гуфта шуд, имконпазир аст, ки барои пӯшидани ҳисоби шумо раванди махсус ҷой дошта бошад. Лутфан қайд намоед, ки агар шумо корбари MSN ё Windows Live бошед, агар шумо ба ҳисоб равед, шумо метавонед ки ба ҳисобҳои ҳамон сайтҳо равона карда шавед.
Маълумоти бештарро дар бораи ҳисоби Microsoft дар сайти ҳисоби Microsoft дастрас карда метавонед.
Маълумоти муфассалтар оид ба:
Дар зер шумо маълумоти иловагии хусусиро меёбед, ки мумкин барои шумо муҳим бошад (набошад). Бисёрии инҳо таҷрибаҳои умумиро мефаҳмонанд, ки мо мехоҳем шумо донед, вале номбар намудани онҳоро дар ҳар яки изҳоротҳои махфиятро дуруст намеҳисобем. Қисме аз он бешубҳа ғаризӣ мебошад (масалан, дар ҳолатҳое, ки қонун онро талаб менамояд, маълумоти шуморо ошкор созем), вале ҳуқуқшиносҳои мо моро маҷбур мекунанд, ки онҳоро ба ҳар ҳол номбар намоем. Лутфан, дар ёд доред, ки маълумоти мазкур тавсифи пурраи фаъолияти мо намебошад - ин ҳамаилова бар маълумоти дигар, ки аниқтар буда, дар дохили баёнияҳои махфияти дигари ҳар як маҳсулот ва хидмати Microsoft, ки истифода мебаред, ҷойгир аст.
Дар ин саҳифа:
Мубодила ё ошкор намудани маълумоти шахсӣ;
Илова бар мубодилаи дар изҳороти махфияти маҳсулот ё хизматрасониҳое, ки шумо истифода мебаред, Microsoft метавонад маълумоти шахсиро бо шахсони зерин мубодила ва ё ошкор созад:
Мо инчунин метавонем маълумоти шахсиро, ки мундариҷаи муносибатҳои шуморо низ дар бар мегирад, бо сабабҳои зерин мубодила ё ошкор намоем:
Лутфан қайд намоед, ки сомонаҳои мо метавонанд дар дохили худ иснодҳо ба сомонаҳои ширкатҳои сеюм дошта бошанд, ки муҳофизати махфияти онҳо метавонад аз Microsoft фарқ кунад. Агар шумо маълумоти шахсиро ба яке аз он гуна сомонаҳо ҳамроҳ кунед, маълумоти шумо аз тарафи изҳороти махяитяи он сомонаҳо идора карда мешавад. Мо таклиф менамоем, ки изҳороти махфияти хар як сомонаи воридшудаатонро аз назар гузаронед.
Муҳофизати бехатарии маълумоти шахсӣ;
Microsoft ба муҳофизати бехатарии маълумоти шахсии шумо машғул аст. Мо намудҳои гуногуни технологияҳо ва қоидаҳои бехатариро истифода мебарем, то ки маълумоти шахсии шуморо аз дастрас, истифода ва ошкоркунии аз тарафи бегонагон ҳифз карда шавад. Масалан, мо маълумоти шахсии шуморо дар низоми компютерӣ, ки дорои дастрасии маҳдуд ва мавқеъ дар биноҳои назоратшаванда мебошанд, нигоҳ медорем. Вақте ки мо маълумоти ниҳоят муҳимро (ба монанди рақами корти кредитӣ ё рамз) ба воситаи интернет равон мекунем, онро бо воситаи истифодаи рамз ба монанди протоколи Secure Socket Layer (SSL) ҳимоя мекунем.
Агар рамз барои муҳофизат намудани аккаунтҳои шумо ва маълумоти шахсӣ истифода шавад, пас махфӣ нигоҳ доштани рамз масъулияти шумо мебошад. Ӯро ошкор насозед. Агар шумо компютери ҷамъиятӣ истифода баред, барои муҳофизати дохил шудан ба маълумоти шумо аз тарафи истифодабарандагони зердастӣ, пеш аз тарк намудани сомонаҳо шумо бояд ҳама вақт аз он гуна сомона ва ё хизматрасониҳо берун шавед (sign out).
Дар куҷо маълумот нигоҳ ва коркард карда мешавад;
Маълумоти шахсие, ки дар сайтҳо ва хидматҳои Microsoft ҷамъ оварда мешавад, метавонанд дар ИМА ва ё ягон кишвари дигаре, ки дар он худи Microsoft, шӯъба, бахш ва ё таҳвилгарони хидматҳои он биноҳои худ доранд, нигоҳ дошта ва коркард шавад. Microsoft шартҳои шартномаи бандари бехатари байни ИМА ва ИА ва шартномаи бандари бехатари байни ИМА ва Швейтсарияро, чуноне ки аз тарафи Вазорати тиҷорати ИМА оид ба ҷамъоварӣ, истифода ва нигоҳдошти итттилоот аз Минтақаи иқтисодии аврупоӣ ва Швейтсария муайян карда шудааст, риоя мекунад. Барои гирифтани маълумоти бештар оиди барномаи бандари бехатар ба http://www.export.gov/safeharbor/ гузаред.
Ҳамчун қисми иштироки Microsoft дар барномаи Бандари бехатар, TRUSTe-ро, ки тарафи сеюми мустақил мебошад, барои ҳалли даъвоҳои шумо марбут ба сиёсатҳо ва амалиётҳои мо истифода мебарем. Агар хоҳед бо TRUSTe дар тамос шавед, ба https://feedback-form.truste.com/watchdog/request гузаред.
Microsoft метавонад маълумоти шуморо барои якчанд сабаб, ба монанди иҷроиши ӯҳдадориҳои ҳуқуқии мо, ҳалли мубоҳисаҳо, иҷроиши шартномаҳо ва ё дигар ҳолатҳое, ки ин маълумот барои пешниҳод намудани хизматрасониҳо зарур мебошад, захира намояд. Барои гирифтани маълумот оиди тарзи дастрас кардани маълумоти шахсии худ, ба Дастрас намудани маълумоти худ гузаред.
Тағйиротҳо бар изҳороти махфияти мо;
Мо мунтазам изҳоротҳои махфияти худро нав карда меистем, то ки хоҳишҳои муштариёнро инъикос намоем ва тағйирот ба хизматрасониҳо худ дарорем Вақте ки мо тағйиротро ба изҳорот дохил менамоем, мо санаи таҳрири охиронро дар болои изҳорот ҷойгир менамоем. Агар бар тарзи истифодабарии маълумоти шахсии шумо аз тарафи Microsoft ё изҳороте дигаргунии ҷиддӣ дохил карда шавад, пеш аз ҳуқуқӣ шудани ин гуна дигаргуниҳо мо шуморо бо роҳи ҷойгир намудани огоҳӣ ё бевосита огоҳи намудани шумо хабардор месозем. Аз шумо хоҳиш мекунем, ки давра ба давра изҳоротҳои махфияти ҳар як маҳсулот ва хизматрасониҳои моро аз назар гузаронида истед, то бидонед, ки Microsoft маълумоти шахсии шуморо чӣ хел муҳофизат менамояд.
Тамос бо моТамос бо мо;
Microsoft Privacy, Microsoft Corporation, One Microsoft Way, Redmond, Washington 98052 USA
Барои дарёфт намудани намояндаи Microsoft дар кишвар ё минтақаи худ, лутфан ба http://www.microsoft.com/worldwide/ гузаред.
Ташаббусҳои FTC оид ба махфият
Бехатарии хонавода
Trustworthy Computing