Ба рӯз шуда:  Чаҳоршанбе, 01 Июл соли 2009 - 12:00

Таронаҳои "мавригӣ" дар Душанбе

Гурӯҳи "Мавригӣ"

ҳунаршиносон кунсерти гурӯҳи “Мавригӣ” дар Душанберо рӯйдоди муҳимми фарҳангӣ дар кишвар мехонанд

Рӯзи сешанбеи 30 июн гурӯҳи мусиқии "Мавригӣ" аз Бухоро барои нахустин бор дар Душанбе кунсерте бо иҷрои мусиқии мавригӣ баргузор кард.

Ба гуфтаи ҳунаршиносон, "мавригӣ" шеваи мусиқиест, ки номи худро аз шаҳри Марв гирифта ва дар қарнҳои 19 ва 20 дар Бухоро ба вуҷуд омадааст. Асолатан ин навъи мусиқӣ ба гурӯҳе аз эрониён таалуқ доштааст, ки дар қарни 16 аз Марв ба Бухоро кӯч бастаанд.

Гурӯҳи мавсум ба “Мавригӣ” аз Бухоро дар чорчӯби як тарҳи Дафтари ҳамкориҳои Суис ва бо даъвати Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар Душанбе ва шаҳрҳои дигари ин кишвар барномаҳои кунсертӣ иҷро мекунад.

Қабл аз баргузории нахустин барномаи кунсертии ин гурӯҳ дар Кохи Ҷомӣ китобе аз Низом Нурҷонов ва Баҳринисо Қобилова, ҳунаршиносони маҳаллӣ, бо номи “Мавригӣ” муъаррифӣ шуд.

Дар ин китоб матолиби мухталифе дар бораи мусиқии “мавригӣ” ва оғозгарони ин сабки мусиқӣ, ки аз солҳои 1950 бад-ин сӯ ҷамъоварӣ шудааст, дарҷ шудааст.

Қарор аст гурӯҳи “Мавригӣ” тӯли чанд рӯзи оянда дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон барномаҳои худро иҷро карда ва рӯзи шанбеи 4 июл бо баргузории як кунсерти дигар дар Душанбе сафари ҳунарии худ ба ин кишварро ба анҷом расонад.

“Ҳар бод ки аз сӯйи Бухоро ба ман ояд...”

Дар миёни алоқамандони мусиқии "мавригӣ" дар Душанбе афроди зиёде ҳастанд, ки падарбузург ва модарбузургҳо ва ё падар ва модарҳояшон баъд аз таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон аз Бухоро ба ин қисмати Осиёи Марказӣ кӯч бастаанд. Бештари онҳо мегӯянд, ки нисбат ба ин навъи мусиқӣ эҳсоси дилтангӣ мекарданд.

Низом Нурҷонов

Оқои Нурҷонов, ки дар даҳаи 1950 матолиберо дар бораи мусиқии мавригӣ ҷамъоварӣ карда, мегӯяд асолати ин сабк нигоҳ дошта шудааст

Ғайр аз ин, зиёд будани алоқамандони ин мусиқӣ дар Тоҷикистон ба ин хотир аст, ки бисёре тоҷикон Бухоро ва Самарқанд, шаҳрҳои умдатан тоҷикнишини Ӯзбакистонро ҳамчунон марокизи таърихию фарҳангии худ медонанд ва худро меросхури фарҳанги ин ду шаҳри бостонӣ мехонанд.

Миралӣ Достиев, муъовини вазири фарҳанги Тоҷикистон, сафари ҳунарии гурӯҳи “Марвигӣ” ба Душанберо як рӯйдоди муҳимми фарҳангӣ дар кишвар хонд.

Вай гуфт: “Мавригӣ”-и Бухоро ифтихори на танҳо Тоҷикистон ва Осиёи Миёна, балки ифтихори тамоми ҷаҳони форсизабон аст. Зеро аз фарҳанги ниёкони мо сарчашма гирифта, то имрӯз ҳифз шудааст.”

Ин мақоми Вазорати фарҳанги Тоҷикистон афзуд, ки мусиқии мавригӣ аз ҷумлаи анвоъи мусиқии суннатии қадимист, ки дар рушди макотиби мухталифи мусиқии миллӣ, “ҳатто дар уперои тоҷикӣ” асар гузоштаанд.

Камол Айнӣ, фарзанди Садриддин Айнӣ ва яке аз тамошочиёни нахустин барномаи гурӯҳи “Мавригӣ” дар Душанбе, ки зоҳиран аз тамошои кунсерт зиёд ба ваҷд омада буд, гуфт: “Ин пораи хурде буд аз фарҳанги ҳазорсолаи Бухорои мо...” ва ин мисраъро қироат кард:

Бухоро хуштар омад аз ҷамеъи шаҳрҳо моро,

Зи чашми бад нигаҳ дорад худо шаҳри Бухороро!

Авриқулӣ Ҳоҷиқулӣ

Авриқулӣ Ҳоҷиқулӣ пас аз солҳои тӯлонӣ гурӯҳи "Мавригӣ"-ро эҳё ва дар кишварҳои минтақаву ҷаҳон дубора муъаррифӣ мекунад

Оқои Айнӣ афзуд, ки кунсерти гурӯҳи “Мавригӣ” дар Тоҷикистон “пайки хубест барои равобити миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон”, ки тӯли чандин соли ахир ба сардӣ гаройидааст.

Окодемисян Муҳаммадҷон Шакурӣ, ки низ дар миёни тамошочиёни кунсерт буд, гуфт: “Ман ин навъи мусиқиро дар ҷавониам дар Бухоро гӯш кардаам ва ин гурӯҳ тавонистааст мусиқии “мавригиро”-ро эҳё ва бахубӣ пешкаши тамошочиён кунад.”

Вай гуфт, ки бо нашри китоб ва ба нота даровардани таронаҳои “мавригӣ” ҳамакнун имкон дорад ин сабки мусиқӣ дар Тоҷикистон низ бештар омӯхта ва шояд иҷро шавад.

Эҳёи жонри “мавригӣ” дар Бухоро

Дар замони Шӯравӣ дар Бухоро гурӯҳҳои мусиқии “мавригӣ” фаъолият доштанд ва дар миёни анвоъи мусиқии дигари суннатӣ ва фулклурик нумӯъ пайдо кардаанд. Аммо бо фурӯпошии Шӯравӣ ин гурӯҳҳо дигар чандон фаъол набудаанд.

То замоне, ки дар соли 2006 Дафтари ҳамкориҳои Суис дар чаҳорчӯби тарҳе хост ин жанри мусиқии фулклурикро дубора эҳё кунад.

Авлиқулӣ Ҳоҷиқулӣ, коргардони гурӯҳи мусиқии “Мавригӣ” гуфт, ки дар соли 2006 намояндагони Дафтари ҳамкориҳои Суис ба ӯ пешниҳод карданд, то хонандагони ин сабки мусиқиро пайдо кунад ва гурӯҳеро барои эҳёи “мавригӣ” таъсис бидиҳад.

Оқои Ҳоҷиқулӣ гуфт таҳқиқоти Низом Нурҷонов аз даҳаи 1950-ум, ки “куллия назокатҳои ин мусиқиро тавзеҳ додааст” ва сабтҳое, ки оқои Нурҷонов дар он солҳо барои оршив сабт карда, барои таҳияи барномаи гурӯҳ ва эҳёи ин мусиқӣ нақши муҳимм доштааст.

Таърихчаи пайдоиши “мавригӣ”

Мусиқии “мавригӣ”, ба гуфтаи ҳунаршиносон, дар авохири садаи 19 дар Бухоро ба унвони мусиқии фулклур пазируфта шуда ва дар замони Шӯравӣ дар садаи 20 нумӯъ пайдо кардааст.

Китоби Мавригӣ

Соҳибназарон мегӯянд китоби “Мавригӣ” ба қалами Низом Нурҷонов ва Баҳринисо Қобилова метавонад оғози ривоҷи "мавригӣ" дар Тоҷикистон бошад

Бар асоси таҳқиқоти Низом Нурҷонов, оғозгарони ин сабки мусиқӣ гурӯҳе аз эрониёни сокини шаҳри Марв буданд, ки ҳамакнун дар қаламрави Туркманистон қарор дорад. Онҳо ҳудудан дар қарни 16 ба Бухоро кӯч бастаанд.

Оқои Нурҷонов мегӯяд: “Ин гурӯҳ аз эрониён нахуст дар ҳаволии шаҳри Бухоро зиндагӣ карда, вале дертар дар дохили шаҳри Бухоро маскун шуданд ва мардуми маҳаллӣ онҳоро “марвӣ” ё “марвигӣ” меномиданд, ки бо гузашти замон ин истилоҳ ба “мавригӣ” табдил шуд.

“Марвиҳо”, ба гуфтаи оқои Нурҷонов, урфу одот ва фарҳангу маросимҳои вижа ва лаҳҷаи худро доштанд, аммо ба сабаби муштарак будани забонашон бо тоҷикони Бухоро зуд бо фарҳанги ин шаҳр даромехтанд.

Мусиқии онҳо, ки низ бо номи “мавригӣ” шӯҳрат пайдо кард, ба базмҳои тоҷикӣ дар Бухоро ворид шуд ва ҳатто тоҷикони Бухоро низ ба омӯхтан ва овозхонии сабки “мавригӣ” пардохтанд.

BBC © 2014 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.