Вилоятҳо ва ноҳияҳо

Вилояти Суғд яке аз вилоятҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Вилоят  27 октябри соли 1939 ҳамчун вилояти Ленинобод таъсис ёфтааст. Дар таърихи 10 ноябри соли 2000 ҳамчун вилояти Суғд номгузорӣ шуд. Ин вилоят дар шимоли Тоҷикистон дар қаторкӯҳҳои Тян-Шан ва кӯҳҳои Ҳисор Алай қарор дорад ва қисмати шимолӣ бо водии Фарғона иҳота шудааст. Вилояти Суғд дорои 14 ноҳия мебошад: Айнӣ, Ашт, Бобоҷон Гафуров, Ғончӣ, Ҷаббор Расулов, Зафаробод, Исфара, Истравшан, Конибодом, Мастчоҳи Кӯҳӣ, Мастчоҳ, Панҷакент, Спитамен ва Шаҳристон. Маркази вилоят шаҳри Хуҷанд мебошад. Шаҳрҳое, ки дар вилояти Суғд  ҷойгир шудаанд: Ғафуров, Истравшан, Исфара, Қайроққум, Конибодом, Панҷакент, Табошар ва Чкаловск. Иқлими Хуҷанд – континенталӣ мебошад ва дарёҳои асосии он Сирдарё ва Зарафшон мебошанд. Бузургтарин ва маъруфтарин кӯл - Искандаркӯл аст. Дигар захираҳои обӣ дар Қайроққум, Фарҳод, Каттасой ва Даҳансой ҷойгир шудаанд.

Вилояти Хатлон дар бахши ҷанубии кӯҳҳои Ҳисор Алай воқеъ аст. Дар вилояти Хатлон шаш шаҳр -  Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Норак, Данғара, Сарбанд ва Панҷ ва 21 ноҳия – Балҷувон, Бохтар, Вахш, Восе, Данғара, Ҷомӣ, Ҷиликӯл, Қабодиён, Кӯлоб, Қумсангир, Муъминобод, Норак, Панҷ, Роғун, Румӣ, Сарбанд, Темурмалик, Фархор, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Носири Хусрав, Ховалинг, Хуросон, Шаҳритус, Шуробод ва Ёвон вуҷуд доранд.

Иқлими Хатлон континенталӣ мебошад ва муҳимтарин дарёҳо Панҷ ва Вахш мебошанд.

Вилояти Худмухтори Бадахшони Кӯҳӣ  ( ГБАО) дар моҳи январи соли 1925 бо Қарори кумитаи иҷроии шӯрои марказии Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис ёфта буд. Вилоят дар шимол бо Қирғизистон, дар шарқ бо Чин ва дар ҷанубу шарқӣ бо Афғонистон марз дорад. Масоҳати вилоят  64 200 км кв. ( 44.5 % аз тамоми қаламрави Тоҷикистон) мебошад. Дорои 7 ноҳия ва як маркази идорӣ – Хоруғ мебошад. Ноҳияҳо – Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Роштқалъа, Ишкошим ва Мурғоб ва шаҳри Хоруғ.

Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Душанбе – гурӯҳе иборат аз 13 ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ ва бо Ӯзбекистон дар ғарб, бо Помир дар шарқ ва бо Қирғизистон дар ҷануб дорои марз мебошанд. Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Варзоб, Ваҳдат (Кофарниҳони қаблӣ), Ҳисор, Ҷиргатол, Нуробод (собиқ Дарбанд), Рашт (собиқ Ғарм), Роғун, Рудакӣ ( собиқ Ленинский), Тавилдара, Тоҷикобод, Турсунзода (собиқ Регар), Файзобод ва шаҳри Душанбе – пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун маркази сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ мебошанд.  Шаҳри Душанбе дар баландии 800 м аз сатҳи дарё дар водии Ҳисор воқеъ аст. Душанбе дорои иқлими континенталӣ бо зимистони сард ва хушк мебошад.

Дарёчаи Душанбинка аз дохили шаҳр мегузарад ва кӯли маснуии Комсомолро бо об таъмин мекунад. Дар шимоли шаҳр дараи Варзоб бо маконҳои истироҳатӣ ва тафреҳӣ маъруф аст. Инчунин ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон, ноҳияи Варзоб ва Ромит ҳамчун марказҳои туристӣ ва тафреҳӣ шинохта шудаанд.

Иттилооти Тоҷикистон

Пойтахт: шаҳри Душанбе

Мавқеи ҷуғрофӣ:  ҷануби шарқии Осиёи Миёна

Масоҳат:  143.1 ҳазор километри мураббаъ

Аҳолӣ:  8 млн. нафар ( 01.04.2013с.)

Воҳиди пулӣ:  сомонӣ  (TJS) аз октябри соли 2000

Тафовути замон бо вақти Гринвич : + 5 соат.

Коди телефонии байналмиллалӣ: 00992.

Забон: тоҷикӣ -- забони расмӣ, русӣ -- забони муоширатӣ

Рӯзҳои таътилоти расмӣ:

-                      1 январ – соли нави мелодӣ;

-                      8 март – рӯзи ҷаҳонии зан;

-                      21-22 март – иди Наврӯз;

-                       9 май – иди Ғалаба;

-                      27 июн – рӯзи Ваҳдат;

-                      9 сентябр – рӯзи Истиқлол;

-                      6 ноябр – рӯзи Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-                      Иди Рамазон – як рӯз тибқи тақвим.

-                      Иди Қурбон – як рӯз тибқи тақвим.

Тоҷикистон дар маркази Осиёи Миёна воқеъ гардида  93% қаламрави онро кӯҳҳои бо иртифои 3000 метр баландтар аз сатҳи дарё ташкил медиҳанд.

Марзҳо: дорои тӯли  700 км  аз ғарб ба шарқ  ва арзи 350 км аз шимол ба ҷануб. Аз тарафи ғарб ва шимол  бо Ӯзбекистон бо тӯли 910 км ва Қирғизистон бо тӯли 630 км, дар ҷануб бо андозаи 1030 км бо Афғонистон ва дар шарқ бо Чин бо тӯли 430 км марз дорад.

Иқлим: хушк ва бо ихтилофоти зиёд дар ноҳияҳои мухталиф. Дорои дараҷаи ҳарорати  гарм  дар саҳроҳои хушк ва сӯзони Хатлон ва ҳарорати хеле сард дар Помир то - 63 дараҷа. Боришот асосан аз моҳи декабр то моҳи март сурат мегиранд. Ба таври миёна 300 рӯз дар сол офтобӣ мебошад.

Вазъияти ҷуғрофӣ:  Аксарияти қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро ( 93% )  кӯҳҳо бо баландии 3000м то 7495 м аз сатҳи дарё ташкил медиҳанд.  Водии Фарғона дар шимол, дар шимолу ғарб ва қисматҳои марказӣ қаторкӯҳҳои Ҳисор, Зарафшон, Туркманистон, Ҳимолоӣ қарор гирифтаанд. Дар ҷанубу шарқӣ қаторкӯҳҳои Помир ( бо баландтарин қуллаи Сомонӣ  - 7495 м ) воқеъ гардидаанд.

Баландтарин қуллаҳо:

-                      қуллаи Сомонӣ – 7495м;

-                      қуллаи Абуали ибн Сино – 7134 м;

-                      қуллаи Корженевская – 6974 м;

-                      қуллаи Москва – 6785 м;

-                      қуллаи К.Маркс – 6726 м;

-                      қуллаи Гармо – 6595 м;

-                       қуллаи Афсарони Советӣ – 6233 м;

-                      қуллаи Энгелс – 6210 м;

-                      қуллаи Вудор – 6132 м;

-                      қуллаи Маяковский – 6096 м.

Захираҳои обӣ: Тоҷикистон аз назари захираҳои обӣ дар ҷои дуввум дар байни кишварҳои муштаракул манофеъ қарор дорад. Тоҷикистон беш аз 1000 дарё, 2000 кӯл ва 8000 пиряхҳои  табиӣ дорад. Тамоми пиряхҳои  кишвар 8476 км кв. ва 50 % тамоми пиряхҳои  табии Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд.

Бузургтарин пиряхҳо:

-                      Федченко – 156 км кв. ва зарфияти 93.6 км куб

-                      Гармо – 114.6 км кв.

-                      Витковский – 50.2 км кв. ва зарфияти 6.882 км куб

-                      Академияи илмҳои  СССР – 48 км кв. ва 5.242 км куб

-                      Наливкин – 45.2 км.кв ва 8.588 км куб

-                      Бивачий – 37 км кв ва 8.05 км куб

-                      Грамм-Гржимайло – 37 км кв ва 19.84 км куб.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои теъдоди фаровон аз рудхонаҳо ва дарёҳо аст. Онҳо 60% захираҳои обии Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд.

Дарозтарин дарёҳои  Тоҷикистон:

-                      Панҷ – 921 км;

-                      Амударё – 65 км;

-                      Сирдарё – 185 км;

-                      Зарафшон – 306 км;

-                      Батранг-Мурғоб – 491 км;

-                      Вахш – 524 км;

-                      Кофарниҳон – 387 км;

-                      Ганд – 296 км.

Тоҷикистон дорои кӯлҳои зиёд низ мебошад.1300 кӯл бо масоҳати 705 км кв. вуҷуд доранд. Кӯлҳои Сарез, Каракӯл, Яхшикӯл ба таври табиӣ пайдо шудаанд. Онҳо дар баландии 3500 м қарор доранд.

Бузургтарин кӯлҳои Тоҷикистон:

-                      Каракӯл – 380 км. кв.

-                      Сарез – 79.64 км. кв.

-                      Зоркӯл – 38.9 км. кв.

-                      Яхшикӯл – 38 км. кв.

-                      Шӯркӯл – 16.3 км.кв.

Бузургтарин мантақаҳои захираи обӣ:

-                      Қайроқум – масоҳат – 520 км кв. ва ҳаҷми об – 4 160 млн.куб.;

-                      Норак – масоҳат – 106 км.кв. ва хҳаҷми об – 10 500 млн.куб.

Гиёҳон ва ҷонварон: Хоки Тоҷикистон ва тамоми гиёҳон ва ҷонварони он ба нисбат ба шароити муҳит дар баландиҳои зиёд мутобиқ шудаанд. Чунончи дарахтони зиёди худрӯ мавҷуд ҳастанд, ки мардум аз онҳо истифода мебаранд. Ҷонварони зиёде низ мавҷуд ҳастанд. Дар Тоҷикистон беш аз 80 намуди пистондорон, беш аз 356 намуд паррандагон, 49 намуд хазандагон, 40 намуд моҳиён, 1000 навъ ҳашароти мухталиф вуҷуд доранд. Шикорчиён аз қабили юзпаланг, хирс, самури дарёӣ, гург, рӯбоҳ дар ин сарзамин ба чашм мерасанд.

Минтақаҳои  табиӣ: дар айни ҳол 4 мантақаи табиӣ вуҷуд доранд  (Тигровая балка, Ромит, Даштиҷум, Зоркул), 13 мантақаи муҳофизатшуда ва 2 боғи миллӣ дар Тоҷикистон вуҷуд доранд. Тамоми минтақаҳои муҳофизатшуда 21% аз қаламрави Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.

Захираҳои табиӣ: Тоҷикистон дорои  захираҳои табии зиёд мебошад. Ҳоли ҳозир зиёда аз 400 намуди маъданҳои табиӣ кашф шудаанд. Ҳудуди 100 намуди онҳо истифода мешаванд. 40 навъ моддаҳои маъданӣ аз қабили маъдани фосил (ҳудуд 10 навъ), санги маъдан ва маъданҳои ғайриоҳанӣ (ҳудуди 90 навъ) истихроҷ мешаванд.

Тоҷикистон бузургтарин маъдани ангиштсангро дар Осиёи Марказӣ дорад. Тамоми захираҳои зуғолсанг ба андозаи 4 млн.тонн мебошанд. Дар баробари ин маъданҳои дигар аз қабили тилло, нуқра, молибден ва ҳамчунин захоири газ ва нафт кашф шудаанд.

Забон:  Тоҷикистон кишвари чандзабона мебошад. Забони расмӣ – забони тоҷикӣ аст, ки узви забонҳои форсӣ (шабеҳи дарӣ ва форсӣ) мебошад. Забони русӣ ҳамчун забони муоширатӣ қабул шудааст. Забони узбекӣ дар шимол ва ғарби кишвар мавриди истифода қарор гирифтааст. Дар Помир забонҳои суннатии маҳаллӣ аз хонаводаи забонҳои шарқи Эрон  ҳам истифода мешаванд.