bbc.co.uk navigation

“Қонун дар сурати иҷро шудан муассир хоҳад буд”

Ба рӯз шуда:  Панҷшанбе, 20 Декабр соли 2012 - 06:14

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон қонуни “Пешгирии зӯроварӣ дар оила”-ро бо аксарияти кулли оро тасвиб кард. Тарҳи ин қонун дар соли 2010 таҳия шуда ва дар муддати ҳудуди ду сол бо ширкати намояндагони ниҳодҳои давлатӣ, пролумон, созмонҳои ғайридавлатӣ ва ҷомеъаи мадании Тоҷикистон баррасӣ шуд. Ҳамакнун ин суол матраҳ аст, ки Қонуни “Пешгирии зӯроварӣ дар оила” то чи ҳад дар ҷилавгирӣ аз мавориди хушунат дар хонаводаҳои муаассир аст?

Дар ин замина чанд тан аз раҳбарони созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи занон, аҳзоби сиёсӣ ва ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон ибрози назар карданд.

Гулҷаҳон Бобосодиқова , раиси созмони “Занон бо таҳсилоти олӣ”

Бобосодиқова

Муддати даҳ сол аст, ки дар атрофи зарурати қабули қонуни пешгирӣ аз зӯроварӣ дар оила баҳсҳо идома дошт. Дар соли 2007 лоиҳаи ин қонун аз ҷониби созмонҳои ғайридавлатӣ тайёр шуда ва ба ҳукумат пешниҳод шуда буд. Аммо масъалаи маблағгузорӣ садди роҳ шуд ва ҳукумат онро қабул накард. Дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ аз Президент хоҳиш кардам, ки дар қабули ин қонун мусоидат кунад. Ба дастури раиси ҷумҳурӣ дар соли 2010 гурӯҳи корӣ барои таҳияи тарҳи Қонуни “Пешгирии зӯроварӣ дар оила” таъсис шуд.

Дар зарфи як соли кор аъзои гурӯҳи корӣ аз ҷумлаи намояндагони порлумон, ҳукумат ва созмонҳои ғайридавлатӣ дар баҳсу баррасиҳо ширкат доштанд. Ҳамаи пешниҳодоти мо пазируфта шуд. Созмонҳои байналмилалӣ низ тавсияҳо доданд.

Мо паногоҳҳои ғарбиро қабул накардем. Мо марказҳои ёрирасон ташкил мекунем. Имкон дорад аз буҷети Вазорати тандурустӣ ё таъмини иҷтимоъӣ дар бемористонҳо марказҳо ташкил шуда ва ба ҷабрдидаҳо кумак шавад.

Бештари созмонҳои ғайридавлатӣ бо ин қонун розӣ ҳастанд. Ҳоло иҷрои қонун ва назорати иҷрои он муҳим аст. Ҳамроҳи ҳукумат ва порулмон роҳҳои иҷрои ин қонунро баррасӣ хоҳем кард. Бештар оилаҳои ҷавонон вайрон мешавад. Бояд дар миёни онҳо кор кунем. Ҳадафи ин қонун ҷазо додан набуда, балкӣ роҳҳои пешгирӣ аз зӯроварӣ аст.

Маърифат Шокирова, масъули бахши рушди гендерии Кумитаи занони Тоҷикистон

Қонуни “Пешгирии зӯроварӣ дар оила” дар ҳаёти мардум чи нақше мебозад, аз сатҳи маърифати мардум вобаста аст. Зӯроварӣ дар оила дар кишварҳои пешрафта ҳам ҳаст. Дар қонун заминаҳои ҳуқуқӣ мавҷуд буда ва иҷрои он аз фаъолон бастагӣ дорад.

Зӯроварӣ дар оила аз куҷо сарчашма мегирад? Аз бекорӣ, муҳоҷират ва ворид шудани фарҳанги бегона ба оила.

Дар назди Кумитаи занон созмони “Боварӣ” фаъолият карда ва масъалаҳои ҳуқуқӣ ва равонии ҷабрдидаҳоро баррасӣ мекукунад. Дар миёни ҷабдидаҳо аз ҳодисаҳои зӯроварӣ дар оила мардҳо ҳам ҳастанд. Аммо ҷомеъаи мо, ки мардсолорӣ аст, бештар занҳо ва кӯдакон мавриди зӯроварӣ қарор мегиранд.

Масалан, издивоҷи барвақти духтарон ва ба зиндагии хонаводагӣ омода набудани онҳо боиси хушунат дар оила мешавад. Аз ҷониби дигар, дар як ҳавлӣ чанд оила зиндагӣ карда ва дар сурати пош хӯрдани оила занҳо бо фарзандон дар кӯча мемонанд. Дар солҳои ахир теъдоди кӯдакони оворагард дар ҳоли афзоиш аст. Пошхӯрии оила боиси зиёд шудани кӯдакони оворагард шудааст. Ин зарба ба модар ва кӯдак аст.

Сайидумар Ҳусайнӣ, муъовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва намояндаи порлумон

Ҳусайнӣ

Дар ҷараёни баррасии ин тарҳ дар кумитаҳои порлумон мо гуфта будем, ки ба далели фарҳанг ва урфу одоти миллӣ дар Тоҷикистон ба қабули чунин қонун зарурате нест. Зеро дар Кодекси оила ва қавонини дигар ин масоил вуҷуд дорад. Ба ҳамин далел, Амирқул Азимов, раиси Кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, амният ва дифоъ низ ба ин қонун мухолифати ҷиддӣ дошт.

Вақти баррасии тарҳи Қонуни “Пешгирии зӯроварӣ дар оила” ман ҳам гуфта будам, ки мумкин аст ин қонун барои оилаҳои мо мушкил эҷод кунад. Масалан, паногоҳҳои муваққатӣ барои фарҳанги мо бегона аст. Дар сурати ҳато муноқишаи лафзӣ зан бояд дар ин паногоҳ паноҳ бибарад. Ин амр метавонад ба пошхурии оилаҳо боис шавад.

Ҳамчунин, дар ин қонун мафҳуми “зӯроварӣ” хуб ташреҳ нашудааст. Оё муноқишаи лафзӣ дар оила зӯроварӣ аст? Дар сурати иҷрои муфоди ин қонун мумкин аст назму низоми оила зери суол равад. Дар кишварҳои урупоӣ чунин назму низом шикаст шудааст.

Созмонҳои байналмилалӣ бештар ба тасвиби ин қонун алоқаманд буданд. Боре дар баррасии ин тарҳ дар ҳутали “Сирена” дар шаҳри Душанбе ширкат доштам. Сандуқи “Эберт” ва созмонҳои зиёди байналмилалӣ ҳузур доштанд. Ҳамаи онҳо ба зарурати қабули ин қонун дар Тоҷикистон таъкид доштанд.

Мӯътабари Раштӣ, раиси созмони “Оштии миллӣ”

Раштӣ

Мо, намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ пешниҳод карда будем, ки тарҳи Қонуни “Пешгирии зӯроварӣ дар оила” қабл аз тасвиб дар порлумон бо ширкати ин созмонҳо дубора баррасӣ шавад. Ё мавриди баррасии умум қарор гирад. Зеро ин санад ба ҳар хонавода тааллуқ мегирад.

Бо ин вуҷуд ин қонун барои ҷомеъаи мо хеле муҳим аст. То чи ҳад муаассир будани ин қонун ба наҳваи иҷрои он бастагӣ дорад. Зеро фарҳанг ва урфу одати миллӣ имкон намедиҳад, ки мушкили хонавода ба берун барояд.

Аз таҷрубаи кор бо занон дар водии Рашт бароям рӯшан аст, ки маъмулан, зан дар оила аз ҷониби хусур, хушдоман ва пайвандони шавҳар мавриди хушунат қарор мегирад. Занҳо ва духтарон дар оиладорӣ саводи кофӣ надоранд ва ҳуқуқҳои худро намедонанд. Аз ин лиҳоз, ба ҳодисаҳои издивоҷи бармаҳалл ва таҳқиру азият сабру таҳаммул карда ва эътирозе намекунанд.

Дар ҳамин замина

Дар ҳамин замина

BBC © 2013 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.