+ Новости

Профессор М.Қ. Гулзода ректори нави донишгоҳ таъйин гашт

   Рӯзи 26 феврал вобаста ба тағйиротҳои кадрӣ дар ҳайати роҳбарикунандаи донишгоҳ, ки тибқи қарорҳои Ҳукумати мамлакат сурат гирифтанд, ҷаласаи ғайринавбатии раёсати донишгоҳ баргузор гашт. 
  Чи хеле ки маълум аст,  Қурбон Убайдулло Абдулло бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино озод карда шуда, ба ҷойи ӯ Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ сарвари нави донишгоҳ таъин гардид. Қурбон Убайдулло Абдулло бошад, ба вазифаи ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» таъин карда шуд
   Дар ҷаласаи раёсат ёрдамчии Президенти мамлакат оид ба масъалаи кадрҳо А.Қ. Раҳмон ба сухан баромада, зарурати тағйиротҳои ба амаломадаро, ки бо фармонҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амал омадаанд, шарҳ дода, саҳми Убайдулло Қурбонро дар рушду нумуи илми тибби муосири тоҷик ва баланд бардоштани мақому манзалати Донишгоҳи тиббӣ дар давоми даҳ соли роҳбариаш баланд арзёбӣ намуд.  А.Қ.Раҳмон фармони роҳбари давлатро оид ба ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино таъйин намудани доктори илмҳои тиб, профессор Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ дар назди аъзои раёсат бори дигар қироат намуда, изҳори боварӣ намуданд, ки аъзои раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ таҳти роҳбарии ректори нави донишгоҳ анъанаҳои неки тӯли солҳои охир ҷоригаштаро ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати таълим дар ин муассисаи таҳсилоти олӣ бо ғайрату нерӯи тоза идома дода, ба дастовардҳои боз ҳам назаррас ноил хоҳанд гашт.
   Вазири тандурустии ҷумҳурӣ Нусратулло Салимзода низ ба фаъолияти даҳсолаи Убайдулло Қурбон дар вазифаи ректори Донишгоҳи тиббӣ баҳои баланд дода, ба ӯ дар мансаби нави таъйингаштааш барору бурдбориҳо орзу намуд. Мавсуф ҳамчунин,  Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналиро  бо таъйин гаштанаш ба вазифаи ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино табрику таҳният гуфт.
   Сипас ректори нави донишгоҳ Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ ба сухан баромада ба Ҳукумати мамлакат ва хоса Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои чунин боварии олиашон изҳори миннатдорӣ намуд. Мавсуф ҳамчунин ба собиқ ректори донишгоҳ Убайдулло Қурбон барои фаъолияти шоистааш дар вазифаи номбурда аз номи раёсат миннатдории самимӣ изҳор намуда, ба ӯ Сипоснома ва чун рамзи эҳтиром туҳфаи хотиравӣ тақдим кард.
    Дар сухани ҷавобиаш Убайдулло Қурбон ба аъзои раёсат ва ҳайати профессорону  омӯзгорони донишгоҳ барои якдигарфаҳмӣ ва фаъолияти самарабахшашон дар давоми даҳ соли роҳбарии хеш миннатдории самимӣ изҳор намуд.
 
«Ворисони Сино»

Оставить комментарий

Убедитесь, что вы вводите (*) необходимую информацию, где нужно
HTML-коды запрещены

Log in

create an account