Муқаддимаи шеършиносӣ

Муаллиф: Мисбоҳиддини Нарзиқул
Ношир: «Сино»
Саҳифа: 82
Соли нашр: 2004
Навъи файл PDF
Ҳаҷми файл: 5,93 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 85 нафар

Дар бораи муаллиф:

Мисбоҳиддини Нарзиқул — мунаққид ва адабиётшинос, доктори илмҳои филологӣ (2010), профессор (2011), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2010).

Зиндагинома

Мисбоҳиддини Нарзиқул 19 сентябри соли 1970 дар деҳаи Артучи ноҳияи Панҷакент ба дунё омадааст. Ӯ фаъолияти кориашро пас аз хатми аълои Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар соли 1993 аввал ба сифати аспирант, баъд ассистент, дотсент ва профессор дар кафедраи таърихи адабиёти тоҷики ҳамин Донишгоҳ то кунун идома дода истодааст. Аз ноябри 2002 то октябри 2007 ба ҳайси ҷонишини декани факултет оид ба илм фаъолият дошт ва айни замон низ (аз соли 2012) вазифаи мазкурро ба ӯҳда дорад. Ҳамчунин, сарварии Шӯрои олимони ҷавони факултети филологияро аз соли 1997 то 2007 ва Шӯрои марказии Ҷамъияти илмии донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз соли 2000 то 2007 ба ӯҳда дошт.

Фаъолияти илмӣ

Дар ин фосила ду маротиба ба ҶИЭ сафар карда, бори аввал ба муддати як моҳ ва дафъаи дуюм панҷ моҳ ба сифати бозомӯзи забон ва адабиёти форсӣ (тоҷикӣ) дар донишгоҳҳои Шаҳид Биҳиштӣ ва Тарбиятмударриси Теҳрон ба таҳсил ва тадқиқ машғул ва аз 1-уми сентябри соли 2007 то феврали 2010 докторанти кафедраи таърихи адабиёти тоҷики ДМТ буд.

Соли 1997 дар мавзӯи “Адабиётшиносии форсии тоҷикӣ дар асрҳои XIII-XIV” (таҳти роҳбарии профессор Х.Шарифов) рисолаи номзадӣ ва соли 2010 дар мавзӯи “Эъҷози хусравӣ”-и Амир Хусрави Деҳлавӣ” ва суннатҳои номанигорӣ дар таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ (асрҳои X-XIV)” (мушовири илмӣ: профессор Худоӣ Шарифов) рисолаи докторӣ дифоъ кардааст. Бо роҳбарии профессор Мисбоҳиддини Нарзиқул 1 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя намудааст ва 7 нафар аспиранту унвонҷӯёни ватанию хориҷӣ корҳои илмӣ-тадқиқотӣ анҷом медиҳанд. Миқдори мақолаву рисолаҳои илмию адабии профессор Мисбоҳиддини Нарзиқул беш аз 100 буда, дар дохил ва хориҷ аз Тоҷикистон- дар Эрон, Покистон, Доғистон чоп шудаанд. Ба қалами ӯ 4 монография, 1 маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ-интиқодӣ, 2 китоби дарсӣ, 1 дастури таълимӣ ва дигар таълифоти илмӣ, илмӣ-методӣ ва оммавӣ тааллуқ дорад.

Осор

  • Таърих ва назарияи номанигорӣ (Душанбе: Сино, 2009.- 140 саҳ.);
  • “Эъҷози Хусравӣ” ва мақоми он дар таърихи афкори адабии форсии тоҷикӣ (Душанбе: Сино, 2009.- 176 саҳ.);
  • Авзони ашъори Рӯдакӣ (Душанбе: Сино, 2008.- 96 саҳ.);
  • Ҷойгои сухан (Душанбе: Адиб,2006.- 224 саҳ.);
  • Муқаддимаи шеършиносӣ (вазни шеър) (Душанбе: Сино, 2004.- 80 саҳ.);
  • Фурӯғи астӣ (зиндагинома, баррасӣ ва нақди ашъори Лоиқ) (Душанбе: Адиб, 2002.- 120 саҳ.);
  • Адабиётшиносии форсӣ-тоҷикӣ дар асрои XIII-XIV (Душанбе: Адиб, 1998.- 112 саҳ).

Мукофоту ҷоизаҳо

  • Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1997),
  • барандаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонии Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (1999)),
  • бо Ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст (2007).

 


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *